«Файзи Навгилем» 50 нафар сокинони Исфараро бо кори доимӣ таъмин намуд
Душанбе, 6.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар деҳаи Навгилеми шаҳри Исфара маркази таълимӣ-истеҳсолӣ ва хизматрасониии «Файзи Навгилем» мавриди истифода қарор дода шуд.
Маркази таълимӣ-истеҳсолӣ ва хизматрасонии «Файзи Навгилем» аз коргоҳҳои атласу адрасбофӣ, қаннодӣ, дӯзандагӣ ва коркарду банду басти меваи хушк иборат буда, дар он 50 нафар сокинони маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин шуданд.
Дар доираи омодагӣ ба таҷлили ҷашни фархундаи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди шаҳру деҳоти Исфара таҳти роҳбарӣ ва мусоидати ҳамаҷонибаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва саҳмгирии бахши соҳибкорӣ бунёди даҳҳо адад иншооти дорои аҳамияти иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба анҷом расида, бунёди беш аз 50 адад иншооти таъйноти гуногун идома дорад.