Фестивали ҷавонони Хатлон- «Дӯстӣ» баргузор гардид
Кӯлоб, 7.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. 6 сентбр бахшида ба ҷашни 25- солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ дар шаҳри Кӯлоб Фестивали ҷавонони Хатлон «Дӯстӣ» баргузор гардид, ки дар он беш аз 1000 нафар ҷавонон ширкат варзиданд.
Дар даромадгоҳи шаҳр гурӯҳи меҳмононро масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва мардуми шаҳр чун анъанаи хоси тоҷикона истиқбол намуданд. Пас аз истиқболи меҳмонон ҷавонони саодатёри кишвар аз назди терминали мусофирбарии шаҳри Кӯлоб то Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб ба номи А. Рӯдакӣ бо шиору навиштаҷоти ҷашнӣ роҳпаймоӣ намуданд.
Дар назди бинои тозабунёди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб меҳмононро муовини раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирзода бо ҷашни фархундаи меҳан- Истиқлолияти давлатӣ табрик намуд ва иброз дошт, ки маҳз пойдории Истиқлолияти комил аст, ки ҷавонон дар тамоми бахшҳои воқеии давлат фаъолияти назаррас доранд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст






