Ифтитоҳи бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Нуробод

Сентябрь 25, 2016 11:41

 Душанбе, 25.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Рашт Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Нуробод бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилиро мавриди истифода қарор доданд.

Бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Нуробод аз ду ошёна иборат буда, дорои шароити мусоид барои фаъолияти хизматӣ мебошад. Корҳои лоиҳакашӣ дар шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ соли 2008 оғоз гардида, бо маблағи 1 миллиону 850 ҳазор сомонӣ сохта шудааст. Иншооти нави хизматӣ аз 22 ҳуҷраи корӣ, қисми навбатдорӣ, хобгоҳ барои ҳайати шахсӣ, синфхонаи бо компютер муҷаҳҳаз барои омӯзиши таҷриба ва баланд бардоштани малакаи касбӣ, нуқтаи алоқа, маҷлисгоҳ, ошхона ва таваққуфгоҳ барои нақлиёти махсуси оташнишонӣ иборат мебошад.

Ҳангоми шиносоӣ бо шароити хизматӣ дар бинои нав Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайати шахсӣ барои ҳамавақт дар ҳолати омодабош қарор доштан ва беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ ба мардум дастуру супоришҳо доданд. Дар шуъба 30 нафар фаъолият доранд.

Дар ин рӯз ба кормандони шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон автомошинаи нави замонавии оташхомушкунӣ тақдим карда шуд.

Сипас Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон воситаҳои асосии оташхомушкунӣ, таҷҳизот барои кашидани дуд аз дохили бино ва таҳхона, асбобҳо барои гузаронидани корҳои наҷотдиҳӣ ҳангоми садама, либоси махсус барои хомӯш намудани сӯхторҳои ҳарораташон баланд ва дигар намуди таҷҳизоти муосирро, ки ба маъраз гузошта шуда буд, тамошо карданд.

Кормандони шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Нуробод барои таъмини шароити муосири фаъолият ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос намуданд.

Сентябрь 25, 2016 11:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Бразилия Луис Инасиу Лула да Силва барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Тавзеҳот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд