Ифтитоҳи бинои Суди ноҳияи Сангвор

Сентябрь 25, 2016 08:24
Душанбе, 25.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар идомаи сиёсати созандаи Ҳукумати мамлакат имрӯз бинои маъмурии Суди ноҳияи Сангвор дар фазои тантанавӣ ба истифода супорида шуд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо буридани лентаи рамзӣ ба фаъолияти иншооти нав оғози расмӣ бахшиданд.

Тавре зикр гардид, корҳои сохтмонӣ дар бинои маъмурии суди ноҳияи Сангвор соли 2014 шуруъ гардида, бо сифати баланд ва тибқи меъёрҳои муаянгардида бунёд шудааст.

Бинои суди ноҳия аз ду ошёна иборат буда, дорои 14 ҳуҷраи корӣ мебошад. Хароҷоти умумии корҳои сохтмонии бинои маъмурии суди ноҳияи Сангвор 1 миллиону 254 ҳазор сомонӣ арзёбӣ мегардад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аснои боздид бо шароиту имкониятҳои дар бинои нав фароҳамгардида аз наздик шинос шуданд. Барои таҷҳизонидани бино бо имкониятҳои нави кору фаъолият 83 ҳазору 400 сомонӣ масраф гардидааст.

Пудратчӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Хингоб» буда, корҳои сохтмонии иншоотро дар муҳлати муайянгардида бо сифати баланд ба итмом расонид. Бинои маъмурии суди ноҳияи Сангвор дар таҷлили 25-умин солгарди истиқлолияти давлатӣ барои кормандони соҳа туҳфаи арзанда мебошад.

Ноҳияи Сангвор давоми солҳои истиқлолияти давлатӣ бо таваҷҷуҳу кушишҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ободу зебо гардида, дар марказ ва деҳоти он иншооти гуногун сохта мавриди истифода қарор дода шуд.

Сентябрь 25, 2016 08:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Тавзеҳот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд