Ифтитоҳи Кохи ақди никоҳи шаҳри Хуҷанд ва Кохи фарҳанги «Суғдиён»

Сентябрь 13, 2016 16:45

Душанбе, 13.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Раёсати вилоятӣ ва шаҳрии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, Кохи ақди никоҳи шаҳри Хуҷанд ва Кохи фарҳанги «Суғдиён» мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Бо ифтитоҳи чунин як даргоҳи фарҳангӣ сардори давлат ба 25 ҷуфт оилаҳои навбунёд шаҳодатномаи ақди никоҳ ва ба 25 навзод шаҳодатномаи таввалуд супорид.

Ҳамчунин ба волидони сегоникҳо Набиев Мутаалибҷон ва Набиева Мағфират калиди хонаи се ҳуҷрага тақдим карда шуд.

Бинои мазкур аз 3 ошёна иборат буда сохтмонаш моҳи феврали соли 2016 оғоз гардида, дар тӯли 8 моҳ ба пураги сохта ба истифода дода шуд.

Дар ошёнаи якум толори ақди никоҳ ва ҳуҷраҳои ёрирасон ҷой дода шудааст. Дар ошёнаи дуюм қисмати шӯъбаи ақди никоҳ ва аснодҳои шаҳрвандони шаҳри Хуҷанд ҷойгир шудаанд. Ошёнаи сеюм аз шӯъбаи ақди никоҳ ва аснодҳои ҳолати шаҳрвандии вилояти Суғд иборат мебошад. Дар ин ҷо беш аз 20 утоқи корӣ ва дар таҳхонаи бино ошхона барои 80 нафар дар як вақт, толори қабули меҳмонон бунёд ёфтааст.

Қисмати бино барои Ансамбли рақсии «Зебо» — толори бо шароити зарурии тамрин бунёд ёфтааст. Хобгоҳ барои писарбачагон ва духтарон бо 80 кат ва хуҷраҳои ёрирасон сохта шудааст. Толори намоиш ва гузаронидани маҳфилҳо, консертҳо ва дигар вохӯриҳо барои 700 ҷойи нишаст, бо ороиши усули меъморӣ ва санъати миллӣ сохта шудааст.

Фармоишгари иншоот идораи сохтмони асосӣ вилоят буда, пудратчии асосӣ ширкати сохтмонии ҶДММ «Евростройсервис» мебошад. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки бо фароҳам гардидани чунин шароит кормандони ин даргоҳро зарураст аст, ки пайваста баҳри тарғибу ташвиқи арзишҳои милливу инсонӣ ва густариши маърифату завқи баланди мардум қарор дошта, масоили ватандустиву меҳанпарастиро бештар аз пештара тарғиб намуда баҳри мардуми минтақа хидмати одилонаро анҷом диҳанд.

Иттилоъ дода шуд, ки бинои нави хуштарҳу замонавии мазкур аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ бо харҷи беш аз 30 миллион сомонӣ бунёд гардидааст.

 

Сентябрь 13, 2016 16:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон қисми минтақавии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон оид ба гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлобро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои Раёсати ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Кӯлобро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон сафари корӣ ба шаҳри Кӯлоб ташриф оварданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Восеъ ба фаъолияти Маркази таълимӣ ва забономӯзии «Ориё» расман оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Восеъ боғчаи бачагонаи «Маҳдия»-ро ба истифода супориданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Восеъ ба таври фосилавӣ 20 иншооти таъиноташон гуногун ва 70 километр роҳҳои маҳаллиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Восеъ бинои Меҳмонхона ва Маркази хизматрасонии «Эҳсон»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Восеъ бинои Беморхонаи хусусии «Тибби Ҳулбук»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Восеъ ташриф оварданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ 8 иншоотро дар ноҳияи Фархор ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Фархор бинои нави Маркази адлияро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд