Ифтитоҳи корхонаи коркарди шир ва бастабандии равған дар ноҳияи Нуробод
Душанбе, 25.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Нуробод Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи коркарди шир ва бастабандии равғанро мавриди истифода қарор доданд.
Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Шири Нуробод» дорои ду сехи истеҳсолӣ буда, дар доираи дастгирии пайвастаи Ҳукумати кишвар аз соҳибкории хурду миёна дар деҳаи Лаби-Ҷари ноҳияи Нуробод аз тарафи соҳибкор Фатҳуддин Ҳоҷиев сохта шудааст.
Корҳои сохтмонӣ дар корхона аз моҳи январи соли 2016 оғоз шуда, имрӯз ба истифода дода шуд ва барои бунёду таҷҳизонидани он 1 миллиону 800 ҳазор сомонӣ маблағ сарф шудааст.
Ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки иқтидори истеҳсолии коргоҳи коркарди шир дар як шабонарӯз то 2 тонна ва дар як моҳ бошад, то 60 тонна маҳсулотро ташкил медиҳад.
Дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Шири Нуробод» 8 намуд маҳсулоти ширӣ — ҷурғот, кефир, қаймоқ, қурут, творог, сметана, чака ва дуғ истеҳсол карда мешавад.
Маҳсулоти истеҳсолнамудаи корхона ҷиҳати таъмин кардани сокинони ноҳияи Нуробод бо маводи ғизоии истеҳсоли ватании дорои сифати баланд пешниҳод карда мешавад.
Ҳамзамон барои дар шароити хуб нигоҳ доштани маҳсулот корхона дорои ду сардхона мебошад ва оянда бунёди боз як сардхона барои 120 тонна маҳсулот дар назар аст.
Дар коргоҳи дуюми иншооти истеҳсолӣ бошад, бастубанди равғани растанӣ ба роҳ монда шудааст. Дар ин ҷо 3 намуди равған, аз ҷумла равғани пахтаи доғкардашуда ва равғани офтобпараст истеҳсол карда мешавад.
Маҳсулот таҳти номи «Баракат» дар зарфҳои 750 грамма, 1, 3 ва 5 литра ба фуруш гузошта мешавад.
Иқтидори истеҳсолии коргоҳ дар як шабонарӯз то 10 тонна ва дар як моҳ то 300 тонна равғани дорои сифати баланд мебошад.
Дар маҷмуъ дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Шири Нуробод» 60 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши аз 800 то 1500 сомонӣ таъмин шудаанд.
Ҳамзамон дар ин рӯз маҳсулоте, ки дар корхона истеҳсол карда мешавад, ба маъраз гузошта шуд.
Минбаъд аҳолии ноҳияи Нуробод аз ҳисоби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Шири Нуробод» бо маҳсулоти гуногуни аз шир истеҳсолшуда ва 3 намуди равған таъмин карда мешаванд.















Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи «Разес Фарма»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази аутизми шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Бразилия Луис Инасиу Лула да Силва барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Тавзеҳот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд






