Ифтитоҳи маркази ташхисию табобатии «Ганҷина»
Душанбе, 13.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи таҷлили 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази ҷамоати деҳоти ба номи Р.Ҳамробоеви шаҳри Конибодом Маркази ташхисию табобатии «Ганҷина» ба истифода дода шуд.
Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом хабар доданд, марказ дорои 7 ҳуҷраи хизматӣ, аз ҷумла, ҳуҷраҳои дандонпизишкӣ, қабули беморон, ташхиси ултрасадо, таҳлилгоҳ, ҳуҷраи доругузаронӣ, таҳлилгоҳи умумӣ ва дорухона мебошад. Сохтмони бинои мазкур соли 2012 оғоз гардида, бо маблағи умумии 160 ҳазор сомонӣ бунёд гардид. Бо баробари ба истифода додани ин маркази саломатӣ 10 нафар шаҳрвандон бо кори доимӣ таъмин карда шуданд.
Хурсандии сокинонро ҳадду канор набуд, зеро бо баробари бунёди маркази саломатии «Ганҷина» барои сокинони деҳа бобати муоинаи саривақтӣ, муолиҷаи бемориҳо ва барқарор намудани вазъи саломатӣ имконияти хуб фароҳам оварда шуд.
Ифтитоҳи маркази ташхисию табобатӣ ба ҷашни бузурги миллат- 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии кишвар туҳфаи арзанда гардид.








Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад






