Ишкошим: Мактабе, ки аз зилзила зарар дида буд, навсозӣ гардид
Ишкошим, 01.09.2016./АМИТ«Ховар»/. Хонандагони мактаби ибтидоии деҳаи Дашти ҷамоати Анадароби ноҳияи Ишкошим, ки соли гузашта бар асари зилзила таълимгоҳашон комилан тахриб гардида буд, соли нави таҳсилро дар мактаби замонавӣ оғоз карданд. Бинои мазкур бо маблағгузории шуъбаи сохтмони асосии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бунёд ёфта, барои сохтмони он 1 миллиону 350 ҳазор сомонӣ масраф гардид.
Сардори шуъбаи мазкур Шероз Абдуллоев гуфт, ки агарчӣ мактаби тахсилоти умумӣ аз ин деҳа ҳамагӣ як километр дур воқеъ аст, аммо ба иллати барфи зиёд ва баъзан ба сари роҳ баромадани гургҳо рафтуомади хонандагони хурдсолро ба мактаби ҳамсоя бо мушкил рӯ ба рӯ месохт. Аз ин рӯ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ қарор дод, ки то оғози соли нави таҳсил барои кӯдакони ин деҳа бинои нав бунёд карда шавад. Бино аз 5 синфхона, утоқи омӯзгорон ва як синфхонаи компютерӣ иборат аст. Сохтмони он аз моҳи маи соли равон оғоз ёфт ва дар давоми се моҳ ба анҷом расонда шуд.
Раҳбари таълимгоҳи мазкур Душанбе Назаров гуфт, ки «бинои мактаби моро ҳанӯз дар аввали солҳои 50-ум сохта буданд ва дар муддати ин солҳо бар асари барфу боронгариҳо вайрон гардид. Соли гузашта ба зилзила тоб наоварда, як қисми девораш фурӯ рафт. Мо гумон надоштем, ки ба ин зудӣ соҳиби бинои нави замонавӣ ва ҳамчунин соҳиби панҷ компютер шудем. Акнун омӯзгорони таълимгоҳ кӯшиш мекунанд бо истифода чунин шароити мусоид сатҳи таълиму тарбияи кӯдакону наврасонро ба зинаи баландтар бардоранд».








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст






