Иштироки Намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ дар Форуми сатҳи баланд оид ба фарҳанги сулҳ
Душанбе, 03.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. Намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ Маҳмадамин Маҳмадаминов 1 сентябр дар Форуми сатҳи баланд оид ба фарҳанги сулҳ ширкат ва суханронӣ намуд.
Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, намояндаи доимии кишвар оид ба вазъияти мураккаби замони муосир, аз ҷумла таҳдидҳои мухталиф ба сулҳу суботи ҷаҳонӣ, ба мисли терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва мушкилоти иқтисодию молиявӣ ибрози назар намуд.
Намояндаи доимии кишвар инчунин аҳамияти на танҳо миллӣ, балки байналмилалии таҷрибаи сулҳи тоҷиконро, ки бар асари хиради азалии халқи тоҷик ва заҳматҳои Пешвои миллати тоҷик, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст, таъкид намуд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






