Конфронси илмию назариявии «Саҳми мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар таҳкими Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар Академияи ВКД
Душанбе, 05.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмию назариявӣ дар мавзӯи «Саҳми мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар таҳкими Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» доир гардид.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилии кишвар хабар доданд, дар ҷамъомад ҳайати шахсии ин муассисаи олии таълимӣ, курсантон ва собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ ширкат варзиданд.
Сардори Академия, полковники милитсия Файзалӣ Шарифзода ҳозиринро бо ҷашнвораи бузурги таърихӣ таҳният гуфта, Истиқлолиятро санаи бебаҳо арзёбӣ намуд. Ба андешаи мавсуф, Истиқлолият асоси давлатдории навини тоҷиконро ташкил дода, дар рушди соҳаҳои мухталиф саҳми арзанда дорад.
Маърӯзаҳо дар мавзӯъҳои «Саҳми мақомоти корҳои дохилӣ дар таъмини Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Мафҳуми Истиқлол ва таснифоти он», «Ташаккули Истиқлолияти миллӣ ва ҳадафҳои тақдирсози Тоҷикистон дар шароити хатарҳои глобалӣ», «Мо зодаи Истиқлолем!» шунида шуданд.
Дар қисмати дуюми чорабинӣ барномаи фарҳангию фароғатии курсантони курси аввал пешкаши ҳозирин гардид, ки саршор аз ватандӯстиву хештаншиносӣ буд.








Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






