Конибодом: Гар дасти фитодае бигирӣ, мардӣ!
Душанбе, 13.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Роҳбарияти Раёсати кишоварзии шаҳри Конибодом дар рӯзҳои таҷлили ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ шахсони камбизоату табақаҳои эҳтиёҷманд ва яккаву танҳоро аёдат карданд. Вакилони Маҷлиси шаҳрӣ Валиҷон Азимов ва Рауфҷон Бобоҷонов ба беморони маркази равоншиносии шаҳри Конибодом маводи озуқа, аз қабили маҳсулоти хӯрокворӣ ва меваҷот расониданд. Роҳбарият ва табобатгирандагони марказ аз ин ташаббуси кишоварзони шаҳр шод гашта, миннатдорӣ баён намуданд.
Муовини раиси шаҳри Конибодом Илҳомҷон Ҳомидов низ якчанд нафар собиқадорони меҳнат ва шахсони барӯманди шаҳрро аёдат карда, ба онҳо туҳфаҳои раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодириро супорид.
Собиқадорон аз ғамхориву дастгириҳои давлат изҳори қаноамандӣ намуда, баҳри шукуфоии диёр ва ҳаёти тинҷу осудаи халқ дуо карданд.
Чунин аёдату дидорбиниҳо давом доранд.








Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад






