Мактаб- даргоҳи маърифат: бунёди бинои нави иловагии мактаб дар Деваштич

Сентябрь 5, 2016 15:53

Деваштич, 05.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои иқдоми «500 рӯзи созандагӣ» дар ноҳияи Деваштич барои 160 нафар хонанда 8 синфхонаи иловагӣ ба истифода супорида шуд.
Тавре аз Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич хабар доданд, бинои нави иловагӣ дар назди муассисаи таълимии №15-и деҳаи Угуки Ҷамоати деҳоти Ваҳдати ноҳия бо маблағгузории сафоратхонаи Ҷопон дар Тоҷикистон сохта шуд.
Раиси ноҳия Рустам Ҷӯразода ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳаҷиме Китаока аз ҳамдиливу созандагии сокинони ин диёр изҳори қаноатмандӣ намуда, арза доштанд, ки ин ба истиқболи ҷашни пурсаодати тоҷикистониён туҳфаи беҳтарин аст.
Бинои иловагӣ дар давоми 5 моҳ сохта шуда, аз ҳуҷраи омӯзгорон, утоқи сарвар ва 8 синфхонаи иловагии фаннӣ иборат буда, дар маросими ифтитоҳи он садҳо нафар сокинон ширкат варзида, аз дастгириҳои Давлату Ҳукумат ва сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори хушнудӣ намуданд.
Дар бунёди ин бино саҳми ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ бо номи хоҷагии деҳқонии «Угук» бо сарварии Холмаҳмад Худойдодов, аҳли ҷомеаи меҳнатии №15 бо сарварии Субҳон Юсупов ва сокинони деҳа низ назаррас буда, барои дар амал татбиқ намудани сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат ҷиҳати рушди соҳаи маориф ҳар як нафари бо нангу номуси ин диёр ҳиссаи босазои худро гузошт, зеро рушди ҷомеа ва давлат аз мактаб оғоз гардида, таълиму тарбияи мутахассисон низ ба он вобаста аст.

Сентябрь 5, 2016 15:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст