«Мероси таърихии Хуҷанд» — конфронси илмӣ бахшида ба Рӯзи шаҳри Хуҷанд
Душанбе, 26.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. «Мероси таърихии Хуҷанд»- таҳти ин унвон дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон конфронси илмӣ бахшида ба Рӯзи шаҳри Хуҷанд баргузор гардид. Хотиррасон менамоем, ки Рӯзи шаҳри Хуҷанд ҳар сол 25 сентябр ҷашн гирифта мешавад.
Тавре ки аз Хадамоти матбуоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд иттилоъ доданд, дар конфронси илмӣ раиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариф таҳти унвони «Хуҷанди имрӯз ва уфуқҳои рушди фардо» маърӯза намуда, ба китобхонаи донишгоҳ китоби тозанашри «Пешвои миллат»-ро супорид. Ӯ ҳамчунин изҳори умедворӣ намуд, ки минбаъд низ олимону муҳаққиқони ин махзани илму дониш барои боло бурдани маърифату худшиносии мардум ва тарбияи насли ҷавон боз ҳам бештар саҳми хешро мегузоранд.
Дар конфронс олимон дар мавзӯъҳои «Нақши Хуҷанд дар бунёд ва инкишофи маданияти Шарқ», «Хуҷанд дар замони Истиқлолият», «Анъана ва суннатҳои халқии Хуҷанд» маърӯзаҳои илмӣ намуданд.
Дар маркази вилоят- шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рӯзи шаҳри Хуҷанд як зумра барномаҳои мухталиф баргузор гардиданд.