Муҳаммадӣ Сафолзода: «Мардуми тоҷик мардуми солҳои 90-ум нестанд»
Душанбе, 23.09.2016/АМИТ «Ховар»/. Дар пасманзари роҳ ёфтани эътирозгарони мухолифи Ҳукумати Тоҷикистон дар ҷаласаи Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар шаҳри Варшава Муҳаммадӣ Сафолзода- муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» чунин гуфт:
«Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати ҳуқуқбунёд, дунявӣ, демократӣ ва иҷтимоӣ буда, ба тамоми қонунҳо ва меъёрҳои пазируфташудаи байналмилалӣ ҳамеша созгор аст ва онҳоро риоя намуда, дар ҷаҳорчӯби онҳо амал менамояд. Ягон кишвар хеҷ гоҳ имкон намедиҳад, ки дар дохили он ҳизбе ё гурӯҳе кӯшиши табаддулот намояд. Мову шумо шоҳиди ин гуна ҳодисаҳо будем».
Муҳаммадӣ Сафолзода афзуд, ки дар моҳи сентябри соли гузашта хоинони ватан ва миллати тоҷик дар кишвари мо чунин як амалеро рӯи даст гирифтанд ва маҳз ба туфайли омодагиҳои ниҳодҳои марбутаи кишвар аз ин кӯшиш ҷилавгирӣ карда шуд: «Мо набояд фаромӯш намоем, ки дар ҷаҳони имрӯза манфиатҳо вуҷуд доранд ва онҳое, ки берун аз кишвари мо қарор доранд, доираҳо ва гурӯҳҳое ҳастанд, ки аз манфиатҳои геополитикӣ ва геостратегии худ ҳамеша пайгирӣ мекунанд. Мехоҳанд тавассути амалҳо ва барномаҳо сулҳу суботи Тоҷикистони азизи моро, ки бо заҳматҳои зиёд ва саъю талоши Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми сулҳпарвари сарзаминамон дар тӯли 25 соли Истиқлолияти давлатӣ ба даст омадаанд, халалдор намоянд».
Мавсуф илова намуд, ки: «Набояд фаромӯш сохт, ки мардуми Тоҷикистон мардуми солҳои 90-ум нестанд, мардуме мебошанд, ки баъди соҳибистиқлолӣ рӯзҳои мудҳишу нангини ҷанги шаҳрвандиро бо чашми сар дидаанд. Ин дарси муҳим барои онҳост, то барои сулҳу суботи давомдор, таъмини якпорчагӣ ва ваҳдати миллии Тоҷикистон талош намоянд, барои пешрафту шукуфоии ояндаи Тоҷикистони азиз мубориза баранд».
Бояд тазаккур дод, ки 19 сентябр як гурӯҳ аз аъзо ва ҷонибдорони ҳизби дар Тоҷикистон мамнуъи наҳзати исломӣ ва дигар гурӯҳҳо, ки худро мухолифони Ҳукумати Тоҷикистон меноманд, бо баргузории як ҳамоиши эътирозӣ вориди ҷаласаи САҲА гардида, хостори озод намудани аъзои ҳизби мамнуъшудаи наҳзати исломӣ гардиданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ин давра соҳаи обуҳавошиносӣ марҳила ба марҳила рушд намуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия
СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид






