Муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳияи Рашт бо 618 адад компютер ва 108 принтер таъмин карда шуданд
Душанбе, 21.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои баландихтисоси маҳаллӣ тадбирҳои судманд меандешад. Бо ин мақсад дар панҷ соли охир 144 нафар хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Рашт, аз ҷумла 72 нафар духтар ба тариқи квотаи президентӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дохил гардида, таҳсил доранд.
Бо мақсади баланд бардоштани тафаккури техникии хонандагон «Барномаи давлатии компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015» қабул гардид, ки дар асоси он муассисаҳои таълимӣ аз ҳисоби фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илм, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва шахсони эҳсонкор бо техникаи компютерӣ таъмин мегарданд.
То имрӯз муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия бо 618 адад компютер ва 108 принтер таъмин карда шудаанд, ки ин 103 %-и иҷрои барномаро ташкил намуда, 1 компютер ба 15 нафар хонандаи синфҳои 7-11 рост меояд.
Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт хабар доданд.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






