Мулоқоти Пешвои миллат бо сокинон ва фаъолони ноҳияи Спитамен
Душанбе, 13.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. Баъди иштирок дар расми ифтитоҳи иншооти таъиноти гуногун дар ноҳияи Спитамен Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳия бо сокинон ва фаъолон мулоқоти судманд анҷом доданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирокчиёни ин мулоқотро бо ҷашни 25- солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва 90 – солагии таъсисёбии ноҳияи Спитамен табрик гуфта таъкид намуданд, ки дар роҳи расидан ба ин рӯзҳои неку воқеан идона бо сабру таҳаммул, саъю талоши ватандӯстона ва заҳмати фидокорона, сокинони заҳматқарини ноҳияи Спитамен низ саҳми сазовор гузоштаанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз дастоварду музаффариятҳои мардуми меҳнатқарини ноҳияи Спитамен дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ёдовар шуда, изҳор доштанд, ки танҳо дар панҷ соли охир дар ноҳия 15 корхонаи нав ба фаъолият оғоз карда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар давоми шаш соли охир якуним баробар зиёд шудааст.
Бо таъкиди Президенти мамлакат умуман, дар замони истиқлолият барои тараққиёти иқтисодиву иҷтимоии ноҳия аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузории буҷети давлатӣ беш аз 300 миллион сомонӣ, аз ҷумла тавассути амалисозии лоиҳаҳои сармоягузорӣ 17 миллион сомонӣ равона карда шудааст.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки мардуми сарбаланди ноҳияи Спитамен бо шукргузории бепоён аз сулҳу суботи комили Ватан ва соҳибистиқлолии сарзамини аҷдодӣ минбаъд низ барои ободиву пешрафти Тоҷикистон садоқатмандона кору фаъолият карда, сиёсати Ҳукумати мамлакатро ҳамаҷониба дастгирӣ менамоянд ва дар пешрафту тараққиёти минбаъдаи кишвари азизамон саҳми сазовор мегузоранд.
Дар мулоқот бо Сарвару Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъдан сокинони ноҳия ва намояндагони касбу кори гуногун барои саҳми беандоза ва хизматҳои бузург дар рушду тараққиёти ноҳияи Спитамен ва дар маҷмуъ Тоҷикистони соҳибистиқлол ба Президенти кишвар изҳори сипосу миннатдорӣ карда ҷонибдории хешро аз сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат бо қаноатмандӣ таъкид намуданд.

















Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба якчанд қонун имзо гузоштанд
Шарҳи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гулҳои миллӣ эълон намудани гулҳои Лола ва Сиёҳгӯш»






