Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов

Сентябрь 29, 2016 17:15

Душанбе, 29.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулазиз Комиловро, ки бо сафари корӣ дар шаҳри Душанбе қарор дорад, ба ҳузур пазируфт.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо дар фазои қобили қабул ҳолат ва дурнамои тамоми маҷмӯи муносиботи Тоҷикистону Ӯзбекистон ва роҳҳои минбаъдаи тавсеаи онро баррасӣ карданд.
Ҷонибҳо қаноатмандии хешро аз тамоюли мусбати давраи охир дар муносиботи мутақобилаи ду кишвар, аз ҷумла афзоиши ҳаҷми мубодилаи мол, фаъолгардонии кори Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, инчунин муҳимияти дастгирии машваратҳои доимии сиёсӣ ва муколама дар сатҳҳои олӣ ва баланд изҳор намуданд.
Эҳтиёҷи воқеии кунунӣ ба фаъолгардонии амалии ҳамкории таркибии фарҳангию гуманитарӣ миёни ду кишвар таъкид гардид.
Ҷонибҳо мушкилоти муҳими минтақавӣ ва байналмилалиро баррасӣ намуда, диққати заруриро ба муҳимияти таъмини амнияти минтақавӣ чун шарти асосии суботи иҷтимоӣ-сиёсӣ дар Осиёи Марказӣ равона карданд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо бори дигар тасдиқ карданд, ки соҳаҳо барои кӯшишҳои муштарак кам нестанд ва сохторҳои дахлдори ду кишварро зарур аст, ки бо мақсади ба хатти нави рушд баровардани тамоми маҷмӯи робитаҳои байнидавлатӣ ба таври муназзам кор баранд.
Дар ин робита Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хусусияти афзалиятноки муносиботи Тоҷикистону Ӯзбекистонро дар сиёсати берунии Тоҷикистон таъкид намуд.
Муҳимияти ҳифз ва таҳкими ҳусни ҳамҷаворӣ ва робитаҳои мутақобилан судманди ду кишвар, ки дар асоси арзишҳои умумии рӯҳонӣ ва анъанаҳои ғании дӯстӣ бунёд ёфтаанд ва эҳтироми мутақобила, ки аз қаъри таърих реша мегиранд, таъкид шуд.
Дар ин замина, ҳамчун масъалаи муҳими аввалиндараҷа баланд бардоштани сатҳи шарикии иқтисодӣ ва тиҷорат ҳамчун омили муҳими фароҳам овардани заминаҳои мусоид барои пешбурди созандаи тамоми маҷмӯи муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон таъкид гардид.
Ҳамзамон соҳаҳои обу энергетика ва нақлиёту логистикӣ, инчунин масъалаҳои рафту омади дуҷонибаи шаҳрвандон ҳамчун самти тақозои ҳамгироии фаъоли созанда таъкид гардид.
Дар хотимаи суҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳбарияти Ӯзбекистони ҳамсоя дар рушди модели Ӯзбекистон муваффақият ва ба мардуми бародари он сулҳ, субот ва шукуфоии минбаъда таманно намуд.

Сентябрь 29, 2016 17:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
БА ТАВАҶҶУҲИ МОЛРАСОНОНУ ПУДРАТЧИЁН!!!
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон