Ноҳияи Дӯстӣ: Дарси сулҳи Рӯзи дониш дар бинои нави гимназия
Душанбе, 01.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз дар ноҳияи Дӯстӣ бинои нави гимназияи давлатии № 1 ба истифода дода шуд. Хонандагони синфҳои болоии гимназияи мазкур минбаъд дарсҳои худро дар синфхонаҳои наву муосир мегузаронанд.
Тавре директори гимназияи № 1 ноҳияи Дӯстӣ Барно Одилова ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, бо ба истифода додани бинои нав акнун 150 нафар хонандагони синфҳои болоӣ дар як баст ба таҳсил фаро гирифта мешаванд. Синфхонаҳои таълимии забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва синфхонаи компютерӣ, инчунин синфхонаи таълими таърих ва ҳуқуқ бо асбобҳои таълимии муосир таҷҳизонида шуданд.
Дар маросими ифтитоҳи тантанавии бинои нави гимназия раиси ноҳияи Дӯстӣ Салоҳиддин Раҷабзода, менеҷери БР СММ дар вилояти Хатлон Абдуғанӣ Иброҳим ва роҳбарони идораҳои дахлдори ноҳия иштирок карда, зимни сухани табрикотӣ хонандагонро барои аз худ кардани донишҳои хубу аъло ва минбаъд омода будан барои хизмати шоиставу арзанда ба ватану миллати хеш даъват карданд.
Бояд гуфт, ки бинои нави гимназияи №1 ноҳия Дӯстӣ дар заминаи лоиҳаи «Баланд бардоштани сатҳи некуаҳволӣ дар минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Афғонистон- LITACA» бо дастгирии Ҳукумати Ҷопон ба маблағи 1 миллиону 160 ҳазор сомонӣ дар давоми 5 моҳ ба истифода дода шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст






