Номаҳои шодбошӣ аз сарони давлатҳои хориҷӣ ба муносибати 25-умин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Иҷрокунандаи вазифаи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон – Шавкат Мирзиёев, дар табрикоти худ гуфтааст:
“Муҳтарам Эмомалӣ Шарипович,
Табрикоти самимӣ ва таманниёти неки маро ба муносибати 25-солагии Рӯзи истиқлолият қабул фармоед.
Мутмаинам, муносибатҳои Ӯзбекистону Тоҷикистон, ки дар асоси ҳусни ҳамҷаворӣ, боназардошти манфиатҳои ҳамдигар ва ба манфиати таъмини суботу амният дар минтақаи мо бунёд ёфтааст, минбаъд низ рушду таҳким хоҳанд ёфт.
Бо истифода аз ин имконият, ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарипович саломатии қавӣ, дар фаъолияти масъули давлатиатон муваффақият ва ба халқи дӯсти Тоҷикистон сулҳу шукуфоии минбаъда таманно дорам”.
Амири Давлати Қатар – Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ дар барқияаш навиштааст:
“Ҷаноби Олӣ,
Барои ман боиси сарфарозист, ки дар робита ба ҷашни Рӯзи Истиқлоли кишваратон бо камоли масаррат ба Ҷаноби Олӣ ва дар шахсияти Шумо ба тамоми мардуми Тоҷикистон аз номи мардуми Давлати Қатар ва шахсан аз номи худ самимонатарин табрикоту таманниётамонро ирсол дорам.
Бо истифода аз ин фурсат ба Ҷаноби Олӣ, сиҳатмандии комилу хушрӯзиҳо, ба мардуми бародари Шумо шукуфоиву рифоҳияти доманадор ва инчунин ба муносибатҳои дуҷонибаи миёни кишварҳоямон таҳкиму тавсеаи бештарро дар солҳои оянда орзумандам.”
Президенти Ҷумҳурии Индонезия – Ҷоко Видодо, зимни табрикоти худ овардааст:
“Ҷаноби Олӣ,
Бо камоли майл табрику таҳнияти гарму самимии худро ба Шумо ва мардуми Тоҷикистон ба муносибати ҷашни пуршукӯҳи солгарди Рӯзи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 9 сентябр таҷлил мегардад, табрику таҳнияти гарму самимии худро ба Шумо ва мардуми Тоҷикистон арз менамоям.
Бо ёдоварӣ аз вохӯрии ахири мо зимни сафаратон ба Ҷакарта, ман ба ояндаи ҳамкориҳои байни кишварҳоямон ба назари нек менигарам. Ман боварии комил дорам, ки Индонезия ва Тоҷикистон бояд якҷоя пешрафт кунанд ва барои пешбурди манфиатҳои миллии кишварҳоямон беш аз пеш талош варзанд.
Лутфан, Ҷаноби Олӣ, сипосу эҳтироми маро бипазиред. Шахсан ба Шумо сиҳатмандии комил ва ба мардуми Тоҷикистон хушнудию некуаҳволиро орзумандам”.
Номаҳои табрикотӣ ҳамчунин аз Президенти Амороти Муттаҳидаи Араб – Шайх Халифа бин Зойид Оли Наҳён, Президенти Ҷумҳурии Финляндия – Саули Вяйнямё Нийнистё, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон – Алмазбек Атамбоев, Ноиби Президент-Сарвазир ва Ҳокими Дубай – Шайх Муҳаммад бин Рошид Оли Мактум, Муовини Амири Давлати Қатар – Абдулло бин Ҳамад ал-Тани, Сарвазир ва Вазири корҳои дохилии Давлати Қатар – Абдулло бин Наср бин Халифа ал-Тани, Муовини Сарфармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳи Амороти Муттаҳидаи Араб-Валиаҳди Абу-Забӣ – Шайх Муҳаммад бин Зойид Оли Наҳён ва дигарон расиданд.
Вуруди барқияҳои шодбошӣ ба унвонии Президенти кишвар ба муносибати ин ҷашни фараҳбахш – 25-умин солгарди истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад.








Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як иншоот дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва 13 иншоот дар шаҳри Конибодомро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мевагии ҶДММ «Сирдарё»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар вилояти Суғд мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли хӯроки чорво ва парандаи ҶДММ «Базаи таъминот»-и ширкати Барсро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи «Разес Фарма»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази аутизми шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Бразилия Луис Инасиу Лула да Силва барқияи табрикӣ ирсол намуданд






