Оғози фаъолияти коргоҳи ҳунаромӯзии “Азиза” дар ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд
Душанбе, 12.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти коргоҳи ҳунаромӯзии “Азиза” расман оғоз бахшиданд.
Сохтмони бинои коргоҳи мазкур дар маркази ноҳия 1 солу 6 моҳ идома ёфта, дар ҷараёни корҳои сохтмонӣ 20 нафар коргарони маҳаллӣ бо кор ва маоши баланд таъмин буданд. Бинои ин коргоҳ аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, бо харҷи 724 ҳазор сомонӣ сохта шудааст. Коргоҳи ҳунаромӯзии “Азиза” аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ Манучеҳр Сангинов ва Умед Шарифов сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор дод шуд.
Президенти мамлакат бо шароити меҳнатии фароҳамовардашуда дар ин коргоҳ ошно гардида, барои боз ҳам беҳтар намудани шароит ва дастгирии коргарон ба соҳибкорон дастуру супоришҳо доданд.
Дар коргоҳи ҳунаромӯзии “Азиза” 40 нафар занони маҳаллӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ гардида, имконияти гирифтани беш аз 1000 сомонӣ маошро доранд. Иттилоъ дод шуд, ки дар коргоҳи мазкур дӯхти сару либоси мактабӣ ва рахти хоб роҳандозӣ гардидааст. Ҳамзамон дар ошёнаи дуюми бино атласу адрасбофӣ ба роҳ монда шудааст, ки феълан на танҳо дар ҳудуди ноҳия, балки дар миқёси вилоят ва ҷумҳурӣ таваҷҷуҳ ба ин навъи маҳсулот хеле зиёд аст.
Ба Пешвои миллат иттилоъ дода шуд, ки соҳибкорони маҳаллӣ ҳадаф доранд, ки дар оянда дар таҳхонаи ин бино сехи қаннодӣ бунёд намуда, ба ин васила ҳам талаботи сокинони ноҳияро бо маҳсулоти қаннодӣ таъмин кунанд ва ҳам барои шаҳрвандон ҷойҳои нави корӣ таъсис диҳанд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин иқдом ва ташаббусҳои соҳибкоронро намунаи ибрат ва қобили дастгирӣ хонданд.


















Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Султони Салтанати Умон Ҳайсам ибни Тариқ Оли Саид барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






