Оғози фаъолияти коргоҳи ҳунаромӯзии “Азиза” дар ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд

Сентябрь 12, 2016 09:42

Душанбе, 12.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти коргоҳи ҳунаромӯзии  “Азиза” расман оғоз бахшиданд.

Сохтмони бинои коргоҳи мазкур дар маркази ноҳия 1 солу 6 моҳ  идома ёфта, дар ҷараёни корҳои сохтмонӣ 20 нафар коргарони маҳаллӣ бо кор ва маоши баланд таъмин буданд. Бинои ин коргоҳ аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, бо харҷи 724 ҳазор сомонӣ сохта шудааст. Коргоҳи ҳунаромӯзии “Азиза” аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ Манучеҳр Сангинов ва Умед Шарифов сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор дод шуд.

Президенти мамлакат бо шароити меҳнатии фароҳамовардашуда дар ин коргоҳ ошно гардида, барои боз ҳам беҳтар намудани шароит ва дастгирии коргарон ба соҳибкорон дастуру супоришҳо доданд.

Дар коргоҳи ҳунаромӯзии “Азиза” 40 нафар занони маҳаллӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ гардида, имконияти гирифтани беш аз 1000 сомонӣ маошро доранд. Иттилоъ дод шуд, ки дар коргоҳи мазкур дӯхти сару либоси мактабӣ ва рахти хоб роҳандозӣ гардидааст. Ҳамзамон дар ошёнаи дуюми бино  атласу адрасбофӣ ба роҳ монда шудааст, ки феълан на танҳо дар ҳудуди ноҳия, балки дар миқёси вилоят ва ҷумҳурӣ таваҷҷуҳ ба ин навъи маҳсулот хеле зиёд аст.

Ба Пешвои миллат иттилоъ дода шуд, ки соҳибкорони маҳаллӣ ҳадаф доранд, ки дар оянда дар таҳхонаи ин бино сехи қаннодӣ бунёд намуда, ба ин васила ҳам талаботи сокинони ноҳияро бо маҳсулоти қаннодӣ таъмин кунанд ва ҳам барои шаҳрвандон ҷойҳои нави корӣ таъсис диҳанд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин иқдом ва ташаббусҳои соҳибкоронро намунаи ибрат ва қобили дастгирӣ хонданд.

Сентябрь 12, 2016 09:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри «Ақорда»-и Ҷумҳурии Қазоқистон
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд