Оғози сафари кории Пешвои миллат ба ноҳияи Тоҷикобод

Сентябрь 26, 2016 07:45

Душанбе, 26.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар рӯзи дуюми сафари корӣ ба водии Рашт Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Тоҷикобод боздид намуданд.

Сокинони ин ноҳияи кӯҳистон Сарвари давлатро бо самимияти хоса истиқбол намуданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Тоҷикобод нахуст бо дастовардҳои соҳаи кишоварзӣ шинос шуданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Тоҷикобод нахуст бо дастовардҳои соҳаи кишоварзӣ шинос шуданд.

Аз маҳсулотҳои кишоварзии дар намоишгоҳ пешниҳодшуда баръало маълум буд, ки деҳқонони ноҳия дар соҳаи картошкапарварӣ ва боғдорӣ таҷриба ва малакаи зиёд доранд. Ҳосили гирифтаи онҳо аз навъҳои гуногуни картошка ва себу нок на танҳо дар бозорҳои дохили кишвар ба фуруш бароварда мешавад, балки ба давлатҳои хориҷ низ содирот мегардад.

Дар намоишгоҳ деҳқонони ноҳия маҳсулоти гуногуни соҳаи кишоварзӣ аз қабили сабзавот, мевагиҳо, асал, гиёҳҳои гуногуни табиии шифобахшро пешниҳод гардидааст. Дар ин минтақаи кишвар соҳаи картошкапарварӣ ва занбӯриасалпарварӣ рушд карда истодааст ва дар намоишгоҳи имрӯза меҳнаткашон анвои гуногун, меваю полезиҳо, навъҳои беҳтарини сабзӣ, картошка, себҳо ва асалро ба маъраз гузоштанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми суҳбат бо роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ иброз доштанд, ки ноҳияи Тоҷикобод дар саргаҳи обҳои мусаффо қарор дорад ва бо истифодаи оқилона аз ин неъмат  аз заминҳо ҳосили дилхоҳ рӯёндан мумкин аст. Инчунин Сарвари давлат деҳқононро ҳидоят намуданд, ки ҳар як ваҷаб замини минтақаҳои кӯҳистонро самаранок истифода баранд. Дар ноҳияи мазкур парвариши дигар маҳсулоти кишоварзӣ ба мисоли шалғам, лаблабу, каду, карам ва пиёз низ манфиатовар аст.

Соҳаи занбӯриасалпарварӣ низ дар ноҳияи Тоҷикобод дар замони соҳибистиқлолии мамлакат ба маротиб рушд кардааст. Айни замон занбӯрпарварони ноҳия аз 5050 оила занбӯр асали хуштамъу шифобахш мегиранд.

Ҳамчунин дар намоишгоҳ аз ҷониби кадбонуҳо намудҳои мухталифи нону кулчаҳо ва маҳсулоти ширӣ пешкаш гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин макон инчунин бо рафти ҷамъоварии ҳосили картошка дар Хоҷагии деҳқонии «Қалъа» шинос шуданд.

Дар хоҷагии мазкур аз масоҳати умумии 180 гектар замини дар ихтиёрдошта дар масоҳати 50 гектар картошка кишт шудааст. Имсол деққонон нақша доранд, ки аз ҳар як гектари он 300 сентнер ҳосили катошка рӯёнанд.

Ба Саврвари давлат иттилоъ доданд, ки соли 2015 истеҳсоли картошка дар ноҳияи Тоҷикобод ба 21 ҳазору 116 тонна расонида шуд, ки нисбат ба соли 1992 — 12 ҳазору 612 тонна ё баробари 2,5 маротиба зиёд шудааст. Воқеан иқлими ноҳия барои картошкапарварӣ хеле мувофиқ буда, аз ин навъи маҳсулоти кишоварзӣ деҳқонон даромади хуб ба даст меоранд.

Пешвои миллат дар суҳбат бо картошкапарварон ва масъулини соҳа иброз намуданд, ки картошка ягона маҳсулоте ба шумор меравад, ки метавонад ҷойи нонро иваз кунад, аз ин рӯ майдони кишти он ҳарчи бештар бояд васеъ гардад. Инчунин захира намудани он дар сардхонаҳо ба таври зарурӣ ба роҳ монда шуда, дар фасли зимистону баҳор ба харидорон бо нархҳои дастрас пешниҳод гардад. Инҳо роҳҳое ҳастанд, ки ҳам баландшавии нархи маҳсулоти кишоварзӣ аз ҷумла картошкаро дар бозорҳои кишвар пешгирӣ мекунад ва ҳам барои таъмини бехатарии озуқаворӣ мусоидати фаъол менамояд.

Ба бахти кудакони хуштолеъи ноҳияи Тоҷикобод Пешвои миллат, Сарвари ғамхору ятимпарвар дар хатнасури 50 кӯдак аз оилаи камбизоат иштирок намуданд.

Президенти кишвар волидони кӯдаконро бо ин рӯзи саид табрик намуда, иброз доштанд, ки аз замони соҳибистиқлолии мамлакат дар сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати ҷумҳурӣ ба дастгирии табақаи эҳтиёҷманди аҳолӣ афзалияти бештар дода шуда, дар ин самт як қатор барномаҳо амалӣ карда мешаванд. Ин буд, ки дар давоми 10 соли охир сатҳи камбизоатӣ дар кишвар ба маротиб коҳиш ёфт. Дар ин чорабинӣ ба кӯдакон аз ҷониби Пешвои миллат туҳфаҳои арзишманд тақдим гардид.

Дар ин рӯз хизматчиёни давлатӣ низ, ки дар сохторҳои гуногун дар ноҳияи Тоҷикобод фаъолият менамоянд соҳиби туҳфаи арзанда гардиданд. 12 оилаи хизматчиёни давлатӣ аз ҷумла кормандони мақомоти қудратӣ аз дасти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон калиди хонаҳои аз 1 то 4 ҳуҷрадор гирифтанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кормандони мақомоти давлатиро, ки соҳиби хонаи нави истиқоматӣ гардидаанд ба хизмати софдилонаю одилона ба нафъи халқу Ватан ҳидоят намуданд.

Сентябрь 26, 2016 07:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Меҳргон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Вазири давлатӣ оид ба корҳои савдои хориҷии Вазорати тиҷорат ва савдои Давлати Қатар Аҳмад ибни Муҳаммад Ас-Сайидро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири сармоягузории Подшоҳии Арабистони Саудӣ Холид Ал-Фолеҳро ба ҳузур пазируфтанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Вазири иқтисод ва дороии Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Алӣ Маданизодаро ба ҳузур пазируфтанд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо Татяна Молчанро ба ҳузур пазируфтанд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест – 2025»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест — 2025» иштирок намуданд
Анҷоми сафари Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин дар Тоҷикистон
Ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев мулоқот намуданд