ТАВСИЯИ МУФИД. Доир ба тарзи тайёр намудани зардолуи хушк барои фасли зимистон

Август 9, 2026 11:20

ДУШАНБЕ, 09.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз давлатҳое мебошад, ки ҳамчун содироткунандаи хушкмева дар Осиёи Марказӣ ва берун аз он шинохта шудааст. Яке аз меваҳое, ки дар айни замон содирот мегардад, ин зардолу мебошад. Онро дар корхонаҳои махсуси ҷумҳурӣ хушк намуда, содирот мекунанд. Зардолуи хушк барои Тоҷикистон маҳсулоти миллӣ аст. Инчунин бренди истеҳсолӣ мебошад, ки тамоми инфрасохторро дар бар мегирад. Зардолуи хушк яке аз меваҳои солимтарин ҳисобида мешавад. Доир ба хушк кардану нигоҳ доштани меваи зардолу АМИТ «Ховар» тавсияи муфид пешниҳод менамояд.

— Хушкмеваҳо аз витаминҳои А, В1, В2, В3, В5, В6 ва минералҳо, ба монанди оҳан, калтсий, магний, фосфор, калий ва натрий бой мебошанд. Хушкмева хусусияти хуб дорад ва онро шумо ба муҳлати зиёд нигоҳ дошта метавонед. Одатан хушкмеваро бо ду тарз тайёр мекунанд: табиӣ, яъне дар зери нурҳои Офтоб ва тарзи дуюм, коркарди меваи тар бо сулфур ё олтингӯгирд мебошад. Зардолу маҳсулоти хуби ғизоӣ ва парҳезӣ аст. Онро тару тоза ва хушконида истеъмол мекунанд. Аз он мураббо ва шарбат тайёр мекунанд.

Имрӯзҳо бештари корхонаҳои саноатӣ меваро бо моддаҳои химиявӣ хушк мекунанд. Он ба нигоҳ доштани ранги аслии меваи хушконида мусоидат мекунад ва муҳлати нигоҳдории хушкмеваро зиёд менамояд. Хушкмеваи дар зери нурҳои Офтоб хушкунонида каме тираранг буда, аз хушкмеваи бо моддаҳои химиявӣ коркардшуда аз ҷиҳати табобат бартарӣ дорад. Аз ҳамин сабаб дар вақти харидорӣ намудан ба хушкмеваи бо тарзи табиӣ хушкунонида аҳамият диҳед.

Дар зери офтоби сӯзон зардолуи тару тоза ба зардолуи хушк табдил меёбад. Пас аз хушк кардан аз меваҳо донакҳо ҷудо карда мешаванд, аз онҳо мағзашро ҷудо карда, ба мураббо илова кардан мумкин аст.

Зардолу дар байни меваҳое, ки миқдори зиёди калий доранд, пешсаф аст, аз ин рӯ ин маҳсулот барои истеъмол дар ҳолатҳои бемориҳои марбут ба мушакҳои дил ва инчунин одамоне, ки сактаи дил доранд, тавсия дода мешавад. Дар зардолу витаминҳои А, В1, В2, С, РР мавҷуданд, он аз моддаҳои минералӣ; калий, калтсий, магний, оҳан, фосфор ва натрий бой аст, ки қабзиятро пешгирӣ мекунанд. Зардолуи хушк ба бадан кумак намуда, партовҳо ва токсинҳоро тоза мекунад.

Истеъмоли хушкмева ба инсон давоми ҳазорсолаҳо маълум аст. Мусофирон дар вақти ба сафар баромадан ҳатман хушкмеваро бо худ озуқа мегирифтанд, зеро меваи хушк дар сафар инсонро сер нигоҳ дошта, аз касалиҳо эмин нигоҳ медошт. Табибони қадим хушкмеваро ганҷинаи табобатӣ меҳисобиданд.

Тибқи пажӯҳишҳои олимони соҳаи тиб, истеъмоли хушкмева хатари саратонро коҳиш медиҳад, сатҳи гемоглобинро дар хун зиёд намуда, кори дилро ба эътидол меорад. Инчунин биноишро мустаҳкам карда, барои таъмини витаминҳо дар бадани инсон фоидаовар аст.

Солҳои охир дар Тоҷикистон боғҳои зардолу васеъ гардида, кишоварзон бо истифода аз таҷрибаи пешқадам ҳосили фаровон ҷамъоварӣ менамоянд. Тоҷикистон содироти на танҳо зардолуи тару тозаро афзоиш медиҳад, балки аз истеҳсол ва фурӯши меваи хушк ба хориҷа фоидаи бештар ба даст меорад.

Тибқи сарчашмаҳои иттилоотӣ, дар айни замон дар Тоҷикистон 200 номгӯй зардолу парвариш меёбанд, аз қабили «Қандак», «Хуҷандӣ», «Мирсанҷалӣ», «Субҳонӣ», «Аҳмадӣ», «Хурмоӣ», «Шифо», «Ниёзӣ», «Серҳосил», «Гулгунӣ» «Кадухурмоӣ», Тоҷибой», «Лола», «Бобо ғелон», «Сафедак», «Шоҳӣ», «Шохшикан», «Аразми калон», «Нишонӣ», «Кошифӣ», «Хурмои лучак», «Аҳрорӣ» ва ғайраҳо.

Ин навъҳо дар ҷумҳуриҳои ҳамсоя ва берун аз Тоҷикистон хеле васеъ паҳн шудаанд, ки онҳо боғ бунёд намуда, аз ин навъҳо истифода мебаранд.

Таърихи парвариши дарахти зардолу ва ба даст овардани ҳосили он дар миқёси Тоҷикистон қариб 5-6 ҳазор солро дар бар мегирад. Дар ин давра деҳқонон ва олимони соҳаи кишоварзӣ тавонистанд якчанд навъҳои маҳаллии дарахти зардолуро парвариш намоянд. Аз рӯйи сифат зардолуе, ки дар шароити Тоҷикистон парвариш карда мешавад, ҳамто надорад.

Шароити иқлими Тоҷикистон барои рушди зардолупарварӣ хеле мувофиқ аст. Боғҳои асосии саноатии зардолу дар ноҳияҳои шимоли ҷумҳурӣ — Исфара, Конибодом, Хуҷанд, Айнӣ, Ашт ва қисман дар Кӯҳистони Масчоҳ ҷой гирифтаанд.

Мутахассисон тавсия медиҳанд, ки дохил намудани хушкмеваи зардолу ба ғизои ҳаррӯза метавонад барои нигоҳ доштани саломатӣ фоидаи зиёд расонад. Истеъмоли хушкмева чӣ дар фасли зимистон ва чӣ тобистон фоидаовар мебошад. Хусусан, он дар мавсими сармо хеле муфид аст, зеро дар ин фасл бадани инсон норасоии витаминҳо ва микроэлементҳоро эҳсос мекунад.

Таҳияи Фирӯза ШАРИПОВА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 9, 2026 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ МАОРИФ. Давоми 35 сол дар Тоҷикистон шумораи омӯзгорон беш аз 41 ҳазор зиёд гардид
ИМРӮЗ — РӮЗИ АНГИШТКАНОН. Истихроҷи ангишт то ба 3 миллион тонна расонида мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлол — Душанбе лоиҳаҳои азими роҳсозӣ татбиқ гардиданд
«РОҒУН» — РАМЗИ ҚУДРАТИ ЭНЕРГЕТИКИИ ТОҶИКИСТОН ДАР АРСАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Андешаҳо дар ин маврид
БА ИСТИҚБОЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Миллати тоҷбарсар ва Сарвари тамаддунофар
РУШДИ БЕСОБИҚАИ ДУШАНБЕ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ
35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Марҳилаи пур аз рӯйдодҳои муҳим, созандагӣ ва дастовардҳои беназири Тоҷикистон
Пиряхҳоро аз обшавӣ бояд ҳифз намуд, — бардошт аз конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ дар Душанбе
РАҚАМИКУНОНИИ СОҲАИ ОБ. Барои Тоҷикистон ин масъала аҳаммияти махсус дорад
35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ТОҶИКИСТОН. Рушди илмро дар ин давра метавон яке аз муҳимтарин дастовардҳои сиёсати давлатии Тоҷикистон арзёбӣ намуд
АҲАММИЯТИ ТАШАББУСҲОИ ҚОНУНГУЗОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР РУШДИ ДАВЛАТДОРӢ. Тақриз ба китоби «Ташаббусҳои қонунгузории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва аҳамияти онҳо дар рушди давлати соҳибистиқлол»
«РОҒУН» — КОХИ НУР. Сарбанди ин неругоҳ баландтарин садди обӣ дар ҷаҳон хоҳад буд