Озмуни ҷумҳуриявии «Библиомарафон» таҳти унвони «Ҳамнишине беҳ аз китоб махоҳ» оғоз шуд
Душанбе, 19.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар толори хониши бачагонаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Шамсиддин Шоҳин озмуни ҷумҳуриявии «Библиомарафон» таҳти унвони «Ҳамнишине беҳ аз китоб махоҳ» оғоз шуд.
Тавре ки аз Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд, дар озмун мактаббачагони синфҳои ибтидоӣ ва наврасон иштирок намуда, аз намоишҳои китобҳои тозанашр ва намоиш- слайди «Сайре ба олами китоб» дидан намуданд.
Бояд гуфт, ки дар толори хониши бачагона китобдорон хонандагонро бо шарту низоми баргузории озмун аз наздик шинос намуда, таъкид карданд, ки озмуни ҷумҳуриявии «Библиомарафон» таҳти унвони «Ҳамнишине беҳ аз китоб махоҳ» 2 моҳ идома карда, 24 ноябр дар рӯзи Парчами миллӣ ҷамъбаст мегардад ва беҳтарин китобхонҳо дар даври ниҳоӣ иштирок ва қувваозмоӣ хоҳанд кард.