Пагоҳ дар Қалъаи Ҳисор намоиши опера доир мешавад
Душанбе, 21.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. 22 сентбяри соли равон дар назди мавзеи таърихии Қалъаи Ҳисори шаҳри Ҳисор бахшида ба рӯзи сардафтари адабиёти тоҷику форс- Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ операи Шарофиддин Сайфиддинов- «Рӯдакӣ» манзури меҳмонон ва сокинони шаҳр мегардад.
Намоиши мазкур аз ҷониби аҳли эҷоди Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бо дастгириии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳукумати шаҳри Ҳисор баргузор мешавад.
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги кишвар иттилоъ доданд, баргузор намудани намоиши опера дар мавзеи кушод ва декори табиӣ таҷрибаи нахустини Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ мебошад.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






