Пагоҳ Иди харбуза доир мегардад

Сентябрь 3, 2016 12:50

Душанбе, 3.09.2016 /АМИТ «Ховар»/.  Бо ташаббуси Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 25- солагии Исиқлолияти давлатӣ аз  4 то 7 сентябр «Иди харбуза», «Иди асал» ва «Иди тарбуз» баргузор мегардад.

Тавре аз шуъбаи иттилоотии Вазорати кишоварзӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, 4 сентябр соати 17:00 дар бозори «Пойтахт- 90» «Иди харбуза» ва 6 сентябр «Иди асал» баргузор гардида, намудҳои гуногуни харбузаву асал пешниҳоди меҳмонон ва сокинони пойтахт гардонида мешаванд.

7 сентябри соли равон низ дар Боғи «Дӯстӣ»-и пойтахт  баргузории «Иди тарбуз» дар назар дошта шудааст.

Ҳамчунин барои болида гардонидани хотири  меҳмонону сокинон дар ин рӯзҳо барномаҳои консертӣ доир мегарданд.

Сентябрь 3, 2016 12:50

Хабарҳои дигари ин бахш