Парчами Тоҷикистон дар деҳаи Бозиҳои V соҳилии Осиё дар шаҳри Дананги Ветнам барафрохта шуд
Душанбе, 24.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар як маросими ботантана, ки 22 сентябр дар шаҳри Дананги Ветнам барпо гардид, парчами миллии Тоҷикистон дар деҳаи Бозиҳои V соҳилии Осиё барафрохта шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар маросими ботантанаи барафрохтани парчамҳои миллии се кишвар — Малайзия, Тоҷикистон ва Ҳиндустон — муовини аввали раиси шаҳри Дананг Данг Виет Дунг, ки ҳамзамон муовини аввали раиси Кумитаи тадорукоти бозиҳо мебошад, суханронӣ кард. Ӯ ҳайатҳои ҳар се кишварро, ки барои ширкат дар Бозиҳои V соҳилии Осиё ба Ветнам омадаанд, хайрамақдам гуфт ва барояшон муваффақият орзу намуд.
Баъдан ҷаноби Дунг ба раҳбарони ҳайатҳои Малайзия, Тоҷикистон ва Ҳиндустон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим кард. Дар навбати худ аз номи ҳайатҳо ба муовини аввали раиси деҳаи бозиҳо туҳфаҳо эҳдо шуданд.
Туҳфаи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистонро ба Данг Виет Дунг мудири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Муҳаммадшо Абдуллоев супурд.
Бозиҳои Vсоҳилии Осиё дар шаҳри Дананги Ветнам аз 24-уми сентябр то 3-юми октябр барпо мегарданд. Дар назар аст, ки дар ин бозиҳо ҳудуди 5 ҳазор варзишгар аз 43 кишвари қора ширкат варзанд. Ба барномаи бозиҳо 22 намуди варзиш дохил аст.
Тоҷикистонро дар ин бозиҳо ду варзишгар – Нурсултон Бозоров ва Абдуғафур Абдуллоев — дар риштаи ҷиу-ҷитсу ва мураббӣ Алиҷон Давлатов, ки раиси Федератсияи ҷиу- ҷитсуи Тоҷикистон мебошад, намояндагӣ мекунанд.
Ҳамзамон дар шаҳри Дананг Ассамблеяи кулли Шӯрои олимпии Осиё баргузор мешавад, ки дар он Муҳаммадшо Абдуллоев ширкат меварзад.
Инчунин боз як намояндаи Тоҷикистон – довари дараҷаи байналмилалӣ Маҳмуд Абдуллоев, муовини аввали раиси Шӯрои самбои Осиё ва узви кумитаи иҷроияи Федератсияи байналмилалии самбо, ки сардори шуъбаи варзиши Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мебошад, ба ҳайси сардовари мусобиқа оид ба самбо аз рӯи барномаи Бозиҳои V соҳилии Осиё таъин шудааст ва ӯ рӯзи 27 сентябр ба Ветнам сафар мекунад.
Ёдовар мешавем, мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои IV соҳилии Осиё, ки моҳи ноябри соли 2014 дар ҷазираи Пҳукети Тайланд бо ширкати варзишгарони 43 кишвар баргузор шуда буд, бо касби се медал (як тилло ва ду биринҷӣ) ҷойи 25-умро касб карда буд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд






