Пеши роҳи қочоқро кӣ мегирад? Ё чаро пайроҳаҳои қочоқчиён аз назари мақомот дур мондаанд?

Сентябрь 3, 2016 11:28

Душанбе, 03. 09.2016 /АМИТ «Ховар»/. Зимни санҷиш дар бозорҳо ва нуқтаҳои  савдои кишвар аз  ҷониби нозирони Агентии «Тоҷикстандарт»  дар ин давра беш аз 12 ҳазор адад  бозичаҳои кӯдаконаи пастсифати ғайристандартӣ, ки тариқи қочоқ  ба қаламрави кишвар  ворид гардидаанд, ошкор ва аз муомилот гирифта шуданд. Талабшо Сангзода –сардори Маркази ташхиси Агентии «Тоҷикстандарт» мегӯяд, ки  бозичаҳое, ки дар нуқтаҳои савдою  бозорҳо бо таври фаровон ба фурӯш гузошта шудаанд, қисми зиёди онҳо ба роҳи қочоқ аз Чин ворид гардида,  аз ташхиси  озмоишгоҳҳо нагузаштаанд.  «Бозичаҳое, ки  барои муоина  ба Маркази ташхиси Агентии «Тоҷикстандарт»  оварда мешаванд,  баъзе аз онҳо сертификати мутобиқат надоранд. Мутахассиси мақомоти  «Тоҷикстандарт»  афзуд, ки бояд дар борҷомаи бозичаҳо бо забони давлатӣ маълумот дар бораи бозича, яъне  ба  синну соли кӯдакон мувофиқ будани  он  дарҷ гардида бошад, зеро бозичаҳое ҳастанд, ки ба кӯдакони  хурдсол тавсия дода намешаванд. Бозичаҳо бояд хусусияти тезшиканандагӣ надошта бошанд, чунки ҳангоми бозӣ аз дасти кӯдак афтида, шикастанаш аз имкон дур нест ва дар ин ҳолат мумкин аст, ки кӯдак болои он афтида, осеб бинад.

«Тоҷикстандарт»: Дар таркиби баъзе бозичаҳо элементҳои заҳрнок   зиёд аст

Ҳамзамон  бозичаҳое, ки бо рангҳои гуногун оро дода шудаанд,  тибқи  талаботи ҳуҷҷатҳои  меъёрӣ, бояд рангашон устувор бошанд. Ҳангоми бозӣ кӯдак онро   соиш дода, ба даҳонаш  мебарад, дар ин маврид ранги бозича бояд устувор боқӣ монад, зеро дар таркиби баъзе бозичаҳо элементҳои заҳрноки кимиёвӣ аз меъёр зиёд буда,  тавассути луоби даҳони кӯдак ба организмашон ворид гардида, ба саломатии кӯдакон, хусусан ба ташаккулёбии ҷисмонии онҳо зарари худро мерасонанд. Ин аст, ки дар баъзе мавридҳо кӯдакон аз лиҳози ҷисмонӣ суст инкишоф меёбанд. Сабаби асосии ба бозорҳои кишвар роҳ ёфтани бозичаҳои ғайристандартии пастсифатро мутахассиси мақомоти «Тоҷикстандарт»  ба даст овардани пули муфт арзёбӣ менамояд. Мавсуф  афзуд, ки бархе аз соҳибкорон танҳо фикри ҷайби худро намуда, андешаи солимии генафонди миллатро намекунанд ва виҷдонашонро мефурӯшанд. Қисме аз соҳибкорон дидаю дониста  ба ин корҳо даст  мезананд, ки ин хилофи  қонунҳои амалкунандаи кишвар аст. «Ба манфиати кор мебуд,-  мегӯяд масъули мақомоти «Тоҷикстандарт»,-  агар соҳибкорони ватанӣ ба ҷои воридоти  бозичаҳои ғайристандартӣ, технологияи  муосирро ворид сохта, истеҳсоли бозичаҳоро дар дохили кишвар ба роҳ мемонданд, зеро  дар  Тоҷикистон ягон корхонаи махсусгардонидашудае нест, ки фаъолияти худро ба  истеҳсоли  бозичаҳои кӯдакона нигаронида бошад. Танҳо дар шимоли кишвар як корхонаи хурд фаъол аст ва он талаботро қонеъ кунонида наметавонад.

 «Giftindustries» корхонаи истеҳсоли бозичаҳо хоҳад сохт

  DSC_0178Ин дар ҳолест, ки Амонулло Судуров–сардори Раёсати мошинсозӣ, саноати мудофиа ва кимиёи  Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон  мегӯяд, ки  бо  сабаби   норасоии воситаҳои гардон –маблағ ва  таҷҳизот масъалаи роҳандозии истеҳсоли бозичаҳои бачагона бо воридоти хатҳои технологии мувофиқ ва бунёди корхонаю коргоҳҳои саноатӣ то дарёфти сармоя ба таъхир гузошта шудааст. Роҳбарияти Вазорат бо ширкати тиҷоратии «Gift-industries» -и  Покистон барои таъсиси корхонаи истеҳсоли бозичаҳои  кӯдакона  гуфтушунид намуда, дар ин росто таклифи вазорат аз ҷониби роҳбарияти ширкати«Gift-industries» пазируфта шуд,- афзуд Амонулло Судуров. Алҳол барои таҳияи лоиҳаи тиҷоратии бунёди корхонаи истеҳсоли бозичаҳо, талаботи бозори дохилӣ ва имконияти содироти минбаъдаи он ба хориҷи кишвар  мавриди таҳлил ва омӯзиш қарор дорад.  Дар марҳилаи аввал ташкили  истеҳсоли чунин маҳсулот дар заминаи корхонаҳои ватании  саноати пластикӣ пешбинӣ гардидааст. Бо таъсиси истеҳсолоти мазкур имконияти қисман таъмин намудани  талаботи ҷумҳурӣ пайдо шуда, ба коҳиши ҳиссаи маҳсулоти воридотӣ дар таъмини бозори дохилӣ мусоидат хоҳад  кард.         

              «Шақ-шақа»-и гӯшхарош барои атфоли ширмак

       DSC_0135«Бозичаҳо ба навъҳои чӯбӣ, резинӣ, пластмассӣ ҷудо гардида,  ба кишвари мо намуди  резинии бозичаҳо, ки истеҳсоли Чин аст, асосан бо роҳи қочоқ ворид мегарданд»,- мегӯяд Талабшо Сангзода. Мавсуф зикр кард, ки ҳангоми ташхиси  бозича бо номи «Шақ-шақа», ки барои  кӯдакони ширмак истифода мешавад, мушаххас гардид, ки он  садои баланди гӯшхарош дошта,  рангаш ноустувор ва сохташ суфта набуда, ҷавобгӯи ҳуҷҷатҳои  меъёрӣ нест ва  фурӯшандагон сертификати мутобиқати чунин бозичаҳоро пешниҳод карда наметавонанд, зеро ғайриқонунӣ ворид карда шудаанд. Инчунин  дар нуқтаҳои савдо ва  бозорҳои  кишвар бозичаҳое ба фурӯш гузошта шудаанд, ки тамғагузорӣ гардида, ба талаботи  санадҳои меъёрӣ ва регламенти техникӣ ҷавобгӯянд. Ин гуна бозичаҳо сифати баланд дошта, истеҳсоли Русияанд ва дар дохилашон дастурамали махсус доранд. Тарзи истифодабарии онҳо нишон дода шудааст ва онҳо дар баланд бардоштани зеҳн ва чаҳонбинии кӯдакон мусоидат менамоянд.

Дар воридоти бозичаҳои кӯдакона ба Тоҷикистон  Чин пешсаф аст

Назар ба иттилои Раёсати омори  Хадамоти гумруки кишвар танҳо дар зарфи 5 моҳи  соли равон аз хориҷи кишвар  ба ҷумҳурӣ ба маблағи беш аз 1,8 миллион доллар зиёда аз 500 тонна бозичаҳои кӯдакона,  дастгоҳҳои варзишию бозӣ, ки  ба «гурӯҳи 95»-и молу маҳсулот шомиланд, аз кишварҳои Чин, Русия, Эрон, Олмон, Туркия, Дания, Амрико, Белгия, Латвия, Литва,  Испания, Италия,  Малайзия, Корея,  Амороти  Муттаҳидаи Араб  ва кишварҳои ИДМ ворид карда шудаанд. Дар воридоти бозичаҳои кӯдакона ҳамсояи бузурги Тоҷикистон –Чин мақоми пешсафиро касб кардааст.

Амрико воридот ва фурӯши «Kinder Surprise»-ро манъ кард, чаро?

киндер сюрпризҚандаку шириниҳое, ки ба кишвармон аз Чин ворид мегарданд,  асосан бо мақсади  ҷалби таваҷҷуҳи бештари кӯдакон дар дохилашон ҳар гуна  бозичаҳои хурд доранд. Онҳо барои кӯдакон хатарноканд -мегӯяд мутахассиси «Тоҷикстандарт».

Ин дар ҳолест, ки шурӯъ аз соли 1938 то ба имрӯз воридот ва  фурӯши шоколади шакли тухммонанд, ки дар дохилаш бозичаҳои хурд ҷой дода шуда,  бо  номи «Киндер сюрприз» /Kinder Surprise/ маъмул аст, дар саросари Амрико манъ гардидааст. Ин тадбир бо мақсади таъмини бехатарии кӯдакон андешида шудааст, зеро  аз эҳтимол дур нест, ки  кӯдакон  бозичаҳоеро, ки дар дохили ин шоколаданд, ҳангоми бозӣ фурӯ баранд.

           Пайдо гардидани тасбеҳ аз дохили ширинии кӯдакона

Назар ба андешаи Талабшо Сангзода,  алҳол 30 намуди витамин, ширинию қандакҳо мавҷуданд, ки дар дохилашон бозичаҳо вуҷуд дошта, ба саломатии  кӯдакон таъсири  манфӣ мерасонанд. Баъзе аз ин қандакҳою витаминҳоро ҳатто бо болға занед ҳам, намешикананд. Ҳолатҳое шудааст, ки зимни ташхис аз дохили ширинии кӯдакона тасбеҳ пайдо гардид,- меафзояд мутахассиси мақомоти «Тоҷикстандарт». Ин ҳолат бозгӯи он аст, ки то чӣ андоза кишварҳои истеҳсолкунанда ва содироткунандаи маҳсулот  мафкураи мардумамонро омӯхта, миллати моро истифода  мебаранд. Чунин бозичаҳоро, ки дар дохилашон ширинию витаминҳо доранд,  соҳибкорони ватанӣ асосан аз  Чин  ворид намудаанд ва бояд барои ҷилавгирӣ аз воридоти маҳсулоти ғайристандартӣ ва ба саломатии кӯдакон ва аҳолӣ  хатарнок мақомоти  марбутаи кишвар тадбирҳои судманд андешанд.

                 Баъзе бозичаҳо ба ҳаёти кӯдакон хатар доранд

      DSC_0159 — копияТо чӣ андоза баъзе бозичаҳо ба саломатии кӯдакон хатарноканду зарари ҷиддӣ доранд ва дар ин самт Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар кадом корҳоро ба анҷом мерасонад? Дар посух ба ин савол Наврӯз Ҷаъфаров-cардухтури давлатии санитарии кишвар,  муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, ки ҷиҳати пешгирии воридоти маҳсулот аз хориҷи ҷумҳурӣ, хусусан баъзе бозичаҳо, ки ба ҳаёт ва солимии кӯдакон  хатар доранд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти иҷроия ва вазорату идораҳои кишвар дастуру супоришҳо додааст.  Зимни иҷрои супориши Ҳукумати мамлакат Вазорати тандурустӣ, ки  яке аз ниҳодҳои муҳим дар татбиқи сиёсати давлат  дар бахши ҳифзи  саломатист, тавассути Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ  ва мақомоти маҳаллии он дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати муайян кардани сифати бозичаҳо ва хӯрокӣ гурӯҳи махсуси корӣ созмон  дод. Дар ин самт дар нимсолаи аввал натиҷаҳои  фаъолиятамон назаррас аст,- афзуд муовини  вазири тандурустӣ.

Регламенти техникӣ оид ба  «Бехатарии бозичаҳо» қабул гардид

DSC_0205 — копия «Дар робита ба масъалаи ҳифзи саломатии атфол аз зарари бозичаҳои ғайристандартӣ  аз ҷониби мақомоти «Тоҷикстандарт»  дар ҳамкорӣ  бо дигар вазорату идораҳои кишвар Регламенти техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба «Бехатарии бозичаҳо» таҳия ва аз ҷониби  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, аз моҳи январи соли 2017 мавриди амал қарор дода мешавад. Регламенти техникӣ оид ба «Бехатарии бозичаҳо» ҳамчун санади нави расмӣ муайянкунандаи бехатарии бозичаҳо буда, тавассути он назорат  аз болои воридоти бозичаҳо дар сарҳади давлатӣ  ва фурӯшаш дар бозору нуқтаҳои савдо пурзӯр  карда мешавад. Наврӯз Ҷаъфаров афзуд, ки мутахассисони Хадамоти назорати давлатии эпидемиологӣ ҳангоми гузаронидани назорату санҷиш  беш аз 70  номгӯй бозичаҳоеро,  ки ба стандарт ҷавобгӯ нестанд   ва эҳтимолияти баланди хатар доранд, муайян  намуданд. Дар Регламенти техникӣ оид ба «Бехатарии бозичаҳо» тамоми паҳлуҳои бозичаҳои кӯдакона, яъне рангу бӯй,  сохт,  шакл, сифат, мавҷуд будани маълумоти дақиқ ба забони давлатӣ оид ба бозича,  дар маҷмӯъ таъмини бехатарии  кӯдакон аз бозичаҳои ғайристандартӣ ва хатарнок пешбинӣ карда шудааст. Наврӯз Ҷаъфаров, сардухтури санитарии ҷумҳурӣ  зикр кард, ки аз моҳи май Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамзамон регламентҳои техникии «Бехатарии гӯшт ва  маҳсулоти гӯштӣ»,  «Бахатарии шир ва маҳсулоти ширӣ»-ро тасдиқ карда, ба вазорату идораҳои марбута барои иҷро ирсол намуд, ки аз моҳи сентябр мавриди амал қарор дода мешаванд.

 Тоҷирон бояд аз воридоти маҳсулоти пастсифат худдорӣ намоянд

Ҳамзамон дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои  ҳамоҳангсозӣ оид ба бехатарии маҳсулоти хӯрокӣ,  фаъолият  дошта, тамоми вазорату  идораҳои кишвар ба он шомиланд. Муовини вазир  таҳияи регламентҳои техникиро ба  натиҷаҳои самараноки фаъолияти Шӯро рабт дод. Наврӯз Ҷаъфаров гуфт, ки масъалаи воридоти бозичаҳои пастсифат бо роҳи қочоқ ҷанбаи  тиҷоратӣ дорад. Мутаассифона, тоҷирони мо дар аксар  маврид қисми  зиёди бозичаҳои чиниро,  ки  ба стандартҳо ҷавобгӯ нестанд,  бо роҳҳои ғайриқонунӣ дар дохили  борҳо вориди ҷумҳурӣ менамоянд. Аз ин рӯ, мебояд ҷаҳонбинӣ, ҳисси миллатдӯстӣ ва  фарҳанги тоҷиронро  баланд бардошт, то онҳо аз воридоти молу маҳсулоти пастсифату зарарнок худдорӣ намоянд.

     Воридоти маҳсулоти ғайристандартӣ бо роҳи қочоқ- ин  ба даст овардани фоида аст

DSC_0225 — копияДар мавриди ҷилавгирӣ аз воридоти  маҳсулоти пастсифат, ки бо роҳи қочоқ ба қаламрави  ҷумҳурӣ ворид карда мешаванд,   мақомоти гумруки кишвар, ки яке аз ниҳодҳои калидӣ мебошад, чӣ тадбирҳо меандешад?  Хуршед Бобоев, сардори Раёсати ташкилию бозрасии  Хадамоти  гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон омили  асосии  ғайриқонунӣ ворид  намудани   молу маҳсулоти   пастсифат ба қаламрави гумрукии  Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан бозичаҳои кӯдаконаро  ба даст овардани фоида арзёбӣ намуд. Мавсуф   зикр кард, ки молҳои мазкур арзиши паст  дошта,  ба талаботи муқарраршуда ҷавобгӯ нестанд. Аз ин рӯ,  барои   ба даст овардани  маблағи  муайян  шахсоне ҳастанд, ин молҳоро ғайриқонунӣ  бо роҳи қочоқ  ба қаламрави ҷумҳурӣ ворид менамоянд.

Гумрук: «Бо  соҳибкорон машварат гузаронида,  маслиҳат медиҳем»  

Бо мақсади ҷилавгирӣ аз воридоти ғайриқонунии  молҳо, бахусус бозичаҳои кӯдакона аз хориҷи ҷумҳурӣ мақомоти гумруки кишвар мунтазам бо молворидкунандагони ватанӣ мулоқот гузаронида, корҳои  фаҳмондадиҳиро ба роҳ мондаанд. Масъули мақомоти гумруки кишвар мегӯяд, ки молу маҳсулоти ба қаламрави  Тоҷикистон воридгардида аз вақти убури  сарҳади гумрукӣ таҳти назорати гумрукӣ  қарор дода мешаванд. Сипас, вобаста ба дархости субъектҳои фаъолияти иқтисодии  хориҷӣ барасмиятдарории онҳо тибқи талаботи Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон  баъди анҷом додани назорати давлатии  санитарию  карантинӣ, карантинию фитосанитарӣ, байторӣ ва дигар намудҳои назорати давлатӣ  ҳангоми воридоти онҳо  ба қаламрави Тоҷикистон ё содироти онҳо  ба хориҷи кишвар  сурат мегирад.

       Муборизаи муштарак бар зидди қочоқчиён  натиҷа медиҳад?

????????????????????????????????????

— Дар самти мубориза бар зидди интиқоли ғайриқонунии  мол ва воситаҳои  нақлиёт  аз ҷониби Хадамоти  гумрук  дар ҳамкорӣ  бо дигар  мақомоти  қудратӣ  амалиёти муштарак  ба роҳ монда шудааст,- гуфт Хуршед  Бобоев. Дар соли 2015 ва 5 моҳи соли равон  кормандони воҳидҳои  сохтории Хадамот  оид ба мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои  гумрукӣ  12 ҳолати  воридоти ғайриқонунии   бозичаҳои кӯдакона   ва  ширинию қандакҳоеро,  ки   дар дохилашон бозичаҳои  гуногун доранд, ба миқдори  умумии 40059 дона ва 10770 кг ошкор намуданд.  Аз рӯи ин ҳолатҳо  парвандаҳои  ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ кушода ва барои баррасӣ ба суд ирсол гардида, 6,5 ҳазор сомонӣ ҷарима ва наздик ба 55 ҳазор сомонӣ пардохтҳои гумрукӣ рӯёнида шуд. Маблағи моли мусодирагардида беш аз 500 сомониро ташкил медиҳад. Аз ҷумла,  зимни гузаронидани  чорабиниҳои фаврӣ –ҷустуҷӯии муштарак аз ҷониби кормандони Хадамоти гумрук ва Прокуратураи генералӣ  дар  бозори «Фаровон»-и пойтахт аз нуқтаи фурӯши №28,  ки ба Н.О. Заидова. тааллуқ  дошт, 68 тонна, иборат аз 94 номгӯй қандаку шириниҳо, бозичаҳои гуногуни кӯдакона ва дигар маҳсулоти хӯрокии истеҳсоли Чин дарёфт гардид.  Дар асоси хулосаҳои  мақомот ва сохторҳои марбутаи кишвар молу маҳсулоти аз ин мағоза дарёфтгардида  пастсифат ҳисобида шуда,  истеъмоли онҳо ба саломатии  инсон хатарнок аст. Нисбат ба ин шаҳрванд   парвандаи ҷиноӣ боз гардида, ба Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ фиристонида шуд.

DSC_0193 — копия Чаро пайроҳаҳои қочоқчиён аз назари мақомот дур мондаанд? «Таҳлилҳо бозгӯи  онанд,  ки аксари ҳолатҳои   интиқоли ғайриқонунии  молу маҳсулот  ба кишварамон тавассути нуқтаҳои   беназорат, назораташон суст  ё осебпазири марзи  давлатии  Тоҷикистон бо Қирғизистон, ки дорои беш аз 40 чапроҳа  дар ҳудуди  ҳар як ноҳияи наздисарҳадӣ  аст, ба назар мерасанд»,- афзуд Хуршед Бобоев. Ҳамзамон бо шомил гардидани  Қирғизистон ба Иттиҳоди гумрукӣ воридоти ғайриқонунии молҳои ниёзи мардум  тавассути сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тариқи чапроҳаҳо афзоиш ёфтааст, ки ин ба амнияти иқтисодии  кишварамон хатар эҷод намуда, боиси болоравии  нархҳо дар бозорҳои дохилии ҷумҳурӣ  гашта истодааст. Мутахассиси мақомоти гумруки кишвар иброз дошт, ки ҳуқуқвайронкунандагон асосан аз роҳҳои ғайрирасмӣ  ва чапроҳаҳои ҳудуди ноҳияҳои  Исфара, Ҷаббор Расулов ва Бобоҷон  Ғафуров истифода    намуда,  воситаҳои  нақлиёти  сабукрави тамғаи «Опел Зафира», «Мерседес- бенс Спринтер»-ро истифода  мебаранд. Ҳангоми боздошт ба ишораи кормандони  гумрук  итоат накарда, нақлиётро бо суръати  баланд  аз тариқи тангкӯчаҳои  маҳаллаҳои аҳолинишин   ронда, ҳолатҳои садамавӣ  ва фоҷиавиро  ба вуҷуд меоранд. Хуршед Бобоев, сардори Раёсати Хадамоти гумруки кишвар мегӯяд, ки тибқи талаботи  Ҳукумати  ҷумҳурӣ  бо мақсади  таъмини  ҳимояи  ҳуқуқи истеъмолкунандагон  ҳангоми харидории   молу маҳсулот ва пешгирии фурӯши  молу маҳсулоти  муҳлати истеъмолиашон гузашта, ба саломатии  инсон зараровар, бо роҳи қочоқ воридшуда бе ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи  сифат аз ҳисоби кормандони  мақомоти марбутаи кишвар гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда, санҷишҳои муштарак  гузаронида мешаванд. Ҳамзамон воридоти ғайриқонунии маводи хӯрокии пастсифат  ва муҳлати истифодаашон гузашта аз хориҷи кишвар ба қаламрави гумрукии  Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти  назорати қатъӣ  қарор дода шуда,  дар ин самт мақомоти гумруки кишвар тадбирҳои мушаххас  меандешанд.

       Генофонди миллатро дар шароити ҷаҳонишавӣ ҳифз бояд кард

????????????????????????????????????

Аз гуфтаҳо ва андешаҳои масъулини мақомоти марбутаи кишвар бармеояд, ки мақсад аз ғайриқонунӣ  роҳ ёфтани  молу маҳсулоти пастсифати ғайристандартӣ, аз ҷумла, бозичаҳо ва ширинию қандакҳои кӯдакона ба нуқтаҳои савдо ва бозорҳои кишвар-  ба даст овардани фоида аз ҷониби гурӯҳҳои алоҳида мебошад, ки манфиати шахсии худро аз манфиати миллат ва давлат боло гузошта, даст ба воридоти маҳсулоти ғайриқонунӣ  ва пастсифат мезананд.

Вобаста ба ин амал соҳибкоронро мебояд дар мавриди воридоти бозичаҳои кӯдакона ва дигар молу маҳсулот ба кишвар аз рӯи адлу инсоф  амал намоянд. Ҳамзамон   мақомоти марбута, ки дар таъмини амнияти иқтисодии кишвар салоҳияти бештар доранд, фаъолияташонро бояд шаффоф ба роҳ монда, рисолаташонро дар назди миллат ва давлат масъулиятшиносона ва   поквиҷдонона иҷро намоянд.

Вақти  он расидааст, ки ҷаҳонбинию фарҳанги  тоҷирону соҳибкорони ватанӣ ва завқу салиқаи сокинони кишварамонро нисбат ба интихоб ва харидории  молу маҳсулоти хушсифат ва ҷавобгӯи стандартҳо  баланд бардорем. Мушоҳидаҳо  далели онанд, ки баъзе аз рафҳои нуқтаҳои савдо  ва растаи бозорҳои кишварамон аз молу маҳсулоти пастсифату ғайристандартӣ, ки ба саломатии аҳолӣ  хатар доранд ва ба фарҳангу суннати мо, тоҷикон бегонаанд, лабрез гардидаанд.

Набояд фаромӯш кард, ки ҳифзи генофонди миллат дар шароити ҳассоси ҷаҳонишавии ҷомеаи башарӣ вазифаи ҳар як фарди миллатдӯст буда, дӯст доштани ватан аз гӯшаи имон аст.

                    

 Марзия Саидзода, хабарнигори  «Ховар».

Сентябрь 3, 2016 11:28

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСИРИ МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ. Андешаҳои Абдураҳим Шоҳиён дар робита ба ин мавзуъ
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АНДОЗ. Рақамикунонии соҳаи андоз роҳи таъмини барзиёди қисми даромади буҷети давлатиро васеъ намуд
ТАВСИФИ ГИЁҲШИНОСИИ БАРГИ ЗУФ. Он хусусияти зиддиилтиҳобӣ ва таскинбахшӣ дорад
ИФРОТГАРОӢ-РОҲ БА СӮИ НОУМЕДӢ. Насли ҷавони тоҷик бояд тамоми кӯшишу ғайраташро ба донишомӯзию ободкорӣ равона намояд
САБАБИ ГАРАВИДАНИ ҶАВОНОН БА ГУРӮҲҲОИ ТЕРРОРИСТИВУ ЭКСТРЕМИСТӢ ДАР ЧИСТ? Андешаҳо доир ба роҳҳои пешгирии ин зуҳуроти номатлуб
Пиряхҳои Тоҷикистон объекти муҳити зист ва манбаъҳои стратегии захираҳои об мебошанд
Чанд андеша дар ҳошияи сафари расмии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Қонун меҳвари фаъолият, зиндагӣ ва мавҷудияти минбаъдаи сокинони мамлакат бошад
АФЗАЛИЯТ ВА БАРТАРИЯТИ ХИЗМАТИ АСКАРӢ. Ҷавонон баробари ворид шудан ба хизмат таҳти ҳимояти Артиши миллӣ қарор мегиранд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истифодаи барги тару тозаи қоқу кори узвҳои ҳозимаро тақвият мебахшад
ИФРОТГАРОӢ-ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБ. Бояд ба тарбияи дурусти ҷавонон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуд
ДУШАНБЕ — ҶАВҲАРИ ҶИЛОНОК ДАР БАЙНИ КӮҲҲОИ САРБАФАЛАККАШИДАИ ТОҶИКИСТОН. Эҳдо ба Рӯзи пойтахт