Пешвои миллат: «Бунёди муассисаҳои тандурустӣ, таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ ва дигар навкориҳо аз ҷумлаи дастовардҳои беназири даврони Истиқлолият мебошанд»

Сентябрь 26, 2016 10:28

Душанбе, 26.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. «Дар қаламрави ноҳияи Тоҷикобод 25 километр роҳҳои байналмилалӣ ва 100 километр роҳҳои дорои аҳаммияти маҳаллӣ мавҷуданд, ки қисми зиёди онҳо дар доираи лоиҳаи навсозии роҳи мошингарди Душанбе Саритош пурра таҷдид гардидаанд». Ин нуктаро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни мулоқот бо сокинони ноҳияи Тоҷикобод зикр намуданд.
Роҳбари давлат бунёди муассисаҳои тандурустиву бунгоҳҳои тиббӣ дар марказ ва деҳоти ноҳия, таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ, ба истифода додани меҳмонхонаи боҳашамат, биноҳои маъмурию истиқоматӣ, таҷдиду навсозии роҳҳои маҳаллӣ, бунёди пулҳо ва боз чандин навкориҳоро аз ҷумлаи дастовардҳои беназири даврони Истиқлолият шумориданд.
Дар ноҳияи Тоҷикобод соҳаи маориф марҳила ба марҳила рушд менамояд.
Пешвои миллат дар робита ба ин таъкид намуданд, ки бо мақсади фароҳам овардани шароити замонавӣ барои таълиму тарбияи фарзандони мардум дар давоми солҳои соҳибистиқлолии кишвар дар ноҳияи Тоҷикобод 16 бинои нави таълимӣ ва синфхонаҳои иловагӣ барои қариб 6 ҳазор хонанда ба истифода дода шудаанд ва бунёди чандин бинову синфхонаҳои иловагӣ дар назди мактабҳои ноҳия идома дорад.

Сентябрь 26, 2016 10:28

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид