Пешвои миллат: «Ноҳияи Спитамен имконияту иқтидорҳои зиёде дорад, ки то ба ҳол истифода нашудаанд»

Сентябрь 13, 2016 11:34

Душанбе, 13.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар замони  соҳибистиқлолӣ буҷети ноҳия мунтазам афзоиш ёфта, аз 160 ҳазор сомонии соли 1992 ба 40 миллион сомонӣ дар соли 2015 расидааст, — зикр намуданд имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Спитамен.
Инчунин Пешвои миллат иброз доштанд, ки  дар замони истиқлолият барои тараққиёти иқтисодиву иҷтимоии ноҳия аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузории буҷети давлатӣ беш аз 300 миллион сомонӣ, аз ҷумла тавассути амалисозии лоиҳаҳои сармоягузорӣ 17 миллион сомонӣ равона карда шудааст. Дар доираи татбиқи лоиҳаҳои мазкур масъалаҳои таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ, таъмиру навсозии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ва беҳдошти вазъи хоҷагии коммуналӣ ба маблағи беш аз 5 миллион сомонӣ ҳаллу фасл карда шудаанд. Вале ноҳия имконияту иқтидорҳои зиёде дорад, ки то ба ҳол истифода нашудаанд.
Масалан, дар самти вусъат додани соҳаи пахтакорӣ, бо иқтидори пурра ба истифода супоридани навбати дуюми корхонаи муштараки «Спитамен-текстайлз» ва таъминоти мардум бо ҷойҳои нави корӣ бояд як қатор корҳои мушаххас амалӣ карда мешуданд,- зикр намуданд  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Ҳамчунин зикр намуданд, ки  корхонаи «Спитамен-текстайлз» аз соли 2015 бо сабабҳои гуногун фаъолият надорад ва муҳлати ба истифода додани коргоҳҳои бофандагиву рангуборкунӣ ва дӯзандагии он ба таъхир афтодааст. Дар ин ҷода, Вазорати саноат ва технологияҳои нав, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия, инчунин соҳибмулкони корхонаи муштаракро зарур аст, ки мушкилоти корхонаро ҳал намоянд ва фаъолияти муътадили онро таъмин созанд. Инчунин дар корхонаи дӯзандагии ноҳия бояд ҷиҳати афзоиш додани ҳаҷми истеҳсол ва беҳтар кардани сифати маҳсулот тадбирҳои амалӣ андешида, талаботи хонандагони мактабҳои ноҳия бо либоси мактабӣ таъмин карда шавад.

Сентябрь 13, 2016 11:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст