Рӯзи мошинсозон: Рушди бахшҳои гуногуни иқтисоди миллӣ ҳадафи асосии соҳаи мошинсозӣ аст
Душанбе, 30.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. Ҳар сол якшанбеи охири моҳи сентябр дар ҷумҳурӣ Иди касбии мошинсозон ҷашн гирифта мешавад.
Дар ҳама давр аз фаъолияти самараноки корхонаҳои соҳаи мошинсозӣ, дараҷаву сатҳи тараққиёт ва сифати таҷҳизоти истеҳсолии соҳа, рушди соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти ҳар кишвар баҳогузорӣ карда мешавад.
Дар раванди рушди бахшҳои гуногуни иқтисоди миллӣ, идома додани татбиқи барномаҳои соҳавӣ дар бахшҳои афзалиятноки он, хусусан саноат, бунёд ва ба истифода додани иқтидорҳои нави истеҳсолӣ дар асоси технологияи муосир бо коркарди бештари ашёи хоми ватанӣ, истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир минбаъд низ ҳадафи асосию афзалиятноки соҳаи мошинсозӣ ҳисобида мешавад.
Таҳлили вазъи соҳаи мошинсозии ҷумҳурӣ ва ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳа тибқи маълумоти расмии оморӣ нишон медиҳад, ки дар ҳама бахшҳои соҳа тамоюли барқароршавии иқтидорҳои истеҳсолӣ ва афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба назар мерасад.
Тавре аз Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, корхонаҳои ин соҳа дар давоми 8 моҳи соли 2016, дар маҷмӯъ ба маблағи 731,2 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд. Ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолшудаи соҳа дар ин давра назар ба ҳамин давраи соли 2015-ум 138,1 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Суръати афзоиш дар ин давра 123,3 фоиз таъмин карда шуд.
Дар ин самт сол то сол корхонаҳои хурду миёна маҳсулоти ивазкунандаи воридот, ба монанди ноқилҳои мисию алюминии рӯйпўшкардашуда, сендвич панелҳо, профилҳои рўйпӯшкардашудаи алюминӣ, профилҳои металлии чоркунҷашакл ва даврашакл, обгармкунакҳои (термекс) тамғаи «Хопсон», маводи таркандаи саноатии эмулсионӣ, мошинолотҳои кишоварзӣ, лампаҳои каммасрафи диодӣ ва ғайраро истеҳсол намуда истодаанд.
Дар ҳашт моҳи соли 2016 корхонаҳои соҳаи мошинсозӣ, мудофиа ва химия, маҳсулоти алюминияи аввалия, маводи таркандаи саноатӣ, маҳсулоти алюминӣ, ноқилҳои рўйпўшшуда ва аккумуляторҳои истифодашударо ба маблағи 337,2 млн. сомонӣ ба хориҷи кишвар, хусусан ба давлатҳои Аврупо, Афғонистон, Эрон, Қазоқистон ва Ўзбекистон содирот намуданд, ки назар ба ин давраи соли гузашта, 72,2 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Бояд зикр намуд, ки номгўи маҳсулот ва ҳаҷми содироти маҳсулоти соҳа ҳамасола рў ба афзоиш дорад.
Соҳаи мошинсозии ҷумҳурӣ рӯ ба рушд ниҳодааст ва бо бартараф гардидани буҳрони молиявӣ ба соҳа сармояи дохиливу хориҷӣ ҷалб гардида, дар мадди аввал ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридотӣ зиёд карда мешавад. Роҳандозии лоиҳаҳои афзалиятноки соҳаи мошинсозӣ бо назардошти рушди иқтисоди миллӣ дар доираи «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» амалӣ карда шуда, маҳсулоти рақобатпазир дар бозори дохилӣ ва ба содирот нигаронидашуда истеҳсол мегарданд.








SIM ё eSIM: чаро муштариён кортҳои электрониро интихоб мекунанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд






