РБДА ВКД ҶТ: Ҳаракати нақлиёт дар роҳҳое, ки ба самти майдони «Дӯстӣ» меоранд, пурра маҳдуд карда мешавад
Душанбе, 07.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии ҶТ ба диққати шаҳрвандон мерасонад, ки бо мақсади гузаронидани чорабиниҳои фарҳангӣ-фароғатӣ бахшида ба ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 сентябр аз соати 06:00 то 10:00 ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт дар хиёбони Исмоили Сомонӣ, аз хиёбони Сино то хиёбони Рӯдакӣ, аз чорроҳаи кӯчаҳои Рӯдакӣ-Карамов то майдони 800-солагии Маскав, кӯчаи Шоҳтемур аз кӯчаи Турсунзода то кӯчаи Шероз, кӯчаи Бухоро аз кӯчаи Мирзо Турсунзода то кӯчаи Шевченко, кӯчаҳои Ҷ.Икромӣ ва Шевченко аз хиёбони Рӯдакӣ то кӯчаи Айнӣ, кӯчаи Бохтар аз кӯчаи Теҳрон то кӯчаи Фотеҳ Ниёзӣ пурра маҳдуд карда мешавад.
Аз соати 13:00 то 14:00 ва аз соати 16:00 то 17:00 ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар хиёбони Исмоили Сомонӣ аз хиёбони Рӯдакӣ то хиёбони Сино, хиёбони Рӯдакӣ аз кӯчаи Бухоро то кӯчаи Л.Шералӣ, кӯчаи Шероз аз хиёбони Сомонӣ то кӯчаи Ҷ.Икромӣ пурра маҳдуд карда мешавад.
Ҳамчунин ҳаракати нақлиёт аз соати 18:00 то 19:00 дар хиёбони Рӯдакӣ аз кӯчаи Л.Шералӣ то кӯчаи Бухоро, дар хиёбони Сомонӣ аз хиёбони Рӯдакӣ то хиёбони Сино, дар кӯчаи Н.Ганҷавӣ аз кӯчаи Карамов то кӯчаи Ҳувайдуллоев, дар кӯчаи Шероз аз хиёбони Сомонӣ то кӯчаи Ҷ.Икромӣ, пурра маҳдуд карда мешаванд.
9 сентябр аз соати 06:00 то 10:00 ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар хиёбони Исмоили Сомонӣ аз хиёбони Сино то хиёбони Рӯдакӣ, хиёбони Рӯдакӣ аз чорроҳаи кӯчаҳои Рӯдакӣ-Карамов то чорроҳаи кӯчаҳои Рӯдакӣ-Айнӣ, дар кӯчаи Шоҳтемур аз кӯчаи Лоҳутӣ то кӯчаи Шероз, кӯчаи Бухоро аз кӯчаи Мирзо Турсунзода то кӯчаи Шевченко, дар кӯчаҳои Ҷ.Икромӣ ва Шевченко аз хиёбони Рӯдакӣ то кӯчаи Айнӣ, дар кӯчаи Бохтар аз кӯчаи Ф.Ниёзӣ то кӯчаи Теҳрон, кӯчаи Шероз аз хиёбони И.Сомонӣ то кӯчаи Бухоро пурра маҳдуд карда мешаванд.
Аз соати 18:00 то 22:00 ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт дар хиёбони Рӯдакӣ аз кӯчаи Л.Шералӣ то кӯчаи Бухоро, хиёбони И.Сомонӣ аз хиёбони Рӯдакӣ то хиёбони Сино, кӯчаи Н.Ганҷавӣ аз кӯчаи Карамов то кӯчаи Ҳувайдуллоев, кӯчаи Шероз аз хиёбони И.Сомонӣ то кӯчаи Ҷ.Икромӣ пурра маҳдуд карда мешавад.
Ронандагон дар ин рӯзҳо метавонанд аз кӯчаҳо ва хиёбонҳои Мирзо Турсунзода, Карамов, Б.Ғафуров, Ҷ.Расулов, Р.Набиев, Ҳ.Шерозӣ, С.Шерозӣ, Қаҳҳоров, Айнӣ, Назаршоев, А.Дониш, Дӯстии халқҳо, Мастонгулов ва Зебуниссо истифода баранд.
Дар ин бора аз Раёсати Бозрасии давлатии автомобили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст






