Тими миллии кишварамон ба Фаластин рафт
Душанбе, 5.09.2016 / АМИТ «Ховар» /. Бо мақсади баргузор кардани вохӯрии дӯстона бо дастаи мунтахаби Фаластин тими миллии футболи кишварамон ба шаҳри Хиврони Фаластин рафт. Бо назардошти он, ки бозӣ бо тими Фаластин дар майдони сунъӣ дар Хервон сурат мегирад, дастаи мунтахаби Тоҷикистон то рӯзи шанбе машғулияти хешро дар майдони эҳтиётии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ барпо кард.
Дар ҳайати даста ба ғайр аз Даврон Эргашев дигар ҳамаи легионерҳои дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба бозии байналмилалии рафиқона ҳозир шуданд. Нимҳимоятгари тими «Дунав»-и Булғория Нуриддин Давронов, бозингари дастаи «Локомотив»-и ҳамин кишвар Парвизҷон Умарбоев, намояндаи дастаи «Динамо»-и Беларус Ҷаҳонгир Эргашев ва дарвозабон Азиз Маҳкамов аз дастаи «Алай»-и Ӯш бо Қурбоналӣ Бобоев, Сиёвуш Асроров, Аҳтам Назаров, Амирбек Ҷӯрабоев, Эраҷ Раҷабов, Ойбек Абдуғаффоров, Фатҳулло Фатҳуллоев, Фаридун Шарипов, Нозим Бобоҷонов, Умедҷон Шарипов, Муҳаммадҷони Ҳасан, Аҳтам Ҳамроқулов, Фарҳод Тоҳиров ва Манучеҳр Ҷалилов ҳамроҳ шуданд.
Тавре сармураббии даста Ҳаким Фузайлов ба АМИТ «Ховар» гуфт: «Мақсади асосии мо тайёрии хуб дидан ба бозиҳои интихобии Чемпионати Осиё мебошад. Аз ин рӯ, вохӯрӣ бо дастаи мунтахаби Фаластин барои мо таҷрибаи ниҳоят хуб хоҳад буд».
Аз сабаби он, ки дастаи мунтахаби кишварамон дар роҳ вақти зиёд сарф кард, тамринҳо аз дирӯз ба имрӯз гузаронида шуданд.
6-уми сентябр соати 22:00 бо вақти Душанбе дар варзишгоҳи «Дура» дастаҳои мунтахаби Фаластин ва Тоҷикистон вориди майдон мешаванд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд






