Тоҷикистонро хокбориш фаро гирифт

Сентябрь 30, 2016 09:20

Душанбе, 30.09.16. /АМИТ «Ховар»/. Аз шаби гузашта инҷониб дар Тоҷикистон хокбориш «талотум» дорад ва он тамоми минтақаҳои ҷумҳуриро ғуборолуд намудааст. Бино ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ғубори чанголуд бо номи «боди афғонӣ» аз ҷониби Қазоқистон ва Сибир бошиддат вазида, бо сабаби ҳаракати зиддисиклони ғарбӣ аз Урал ҷумҳуриро фаро гирифтааст.
Агентии обуҳавошиносӣ тоҷикистониён, бахусус онҳоеро, ки мубталои бемориҳои дилу рагҳо ва дамкӯтоҳӣ ҳастанд, инчунин кӯдаконро даъват менамояд, ки ба қадри имкон манзили худро тарк накунанд ва роҳҳои эҳтиёткориро риоя намоянд.
Соҳибони воситаҳои нақлиёт, инчунин ширкатҳои ҳавопаймоии миллӣ аз номусоидии вазъи ҳаво огоҳ карда шуданд.
Бино ба иттилои манбаъ, ҳавои ғуборолуд то 2 октябр идома меёбад. Ҳавои сард ду рӯз идома ёфта, аз 3 октябр баландшавии ҳарорати ҳаво дар назар аст.
Дар ин рӯзҳо дар минтақаҳои ҷанубии ҷумҳурӣ ҳаво рӯзона гарм шуда, ҳарорат ба 20 дараҷа мерасад. Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ рӯзона 15-18 дараҷа гарм мешавад.
Дар ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳарорат 7-11 дараҷа ва дар шарқи он 5-8 дараҷаро ташкил медиҳад.
Дар пойтахт рӯзона 15-18 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Хотиррасон мекунем, ки «боди афғонӣ»-боди хушк ва гарми маҳаллӣ буда, дар Осиёи Марказӣ мевазад. Вазидани он аз якчанд рӯз то ба чанд ҳафта идома меёбад.

Сентябрь 30, 2016 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст