Толибилмони Ҳофизкада ҷашни Истиқлолро дар мактаби нав истиқбол мегиранд
Душанбе, 08.09.2016/АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор ҳудуди 20 иншооти гуногуни саноатию хизматрасонӣ ба истифода дода мешаванд.
Ҳалима Солиева- сармеъмори шаҳри Ҳисор дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки қисмати бештари иншооти ҷашнӣ аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ ва бархеашон аз ҳисоби буҷети давлат бунёд карда шудаанд.
Корхонаи металлургӣ дар шаҳри Ҳисор яке аз иншооти бузург ба шумор меравад, ки он бо ҷалби сармояи хориҷӣ ба маблағи 21 миллион доллари амрикоӣ бунёд гардида, иқтидори солонааш коркарди 400 ҳазор тонна металл мебошад.
Ҳамзамон дар остонаи ҷашни Истиқлолияти давлатӣ дар макази шаҳри Ҳисор панҷ бинои 5 ошёна, боғчаи бачагона ва дар деҳаи Ҳисори ҷамоати деҳоти Ҳисор маркази хизматрасонии замонавӣ, ки аз чор ошёна иборат аст, ба истифода дода мешаванд.
Инчунин мактаббачагони деҳаи Ҳофизкадаи ҷамоати деҳоти Алмосӣ ҷашни Истиқлолияти давлатиро дар бинои нав истиқбол менамоянд.