Варзишгарони тоҷик дар Теҳрон соҳиби 7 медал гардиданд
Душанбе, 14.09.2016./АМИТ «Ховар»/. Дар рӯзҳои ҷашни 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалӣ, ки аз рӯи намуди каратэ-до дар шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор гардид, иштирок намуда, зинаҳои ифтихориро касб намуданд. Онҳоро ҳангоми бозгашт ба Ватан дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе масъулини соҳа, хешону наздикон ва мухлисону ҳаводорон истиқбол гирифтанд.
Бояд зикр кард, ки мусобиқаи мазкур то 9 сентябр идома ёфт. Дар он варзишгарони зиёда аз 10 давлати ҷаҳон иштирок намуданд ва барои ба даст овардани медалҳо бо ҳам мубориза бурданд.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ин мусобиқаи байналмилалӣ бо ба даст овардани 1 медали тилло, 2 нуқра ва 4 медали биринҷӣ сазовори мақоми 2-юм гардид.
Ёдовар мешавем, ки имсол варзиши каратэ-до шомили Бозиҳои тобистонаи олимпӣ гардид ва варзишгарони ин ришта дар Бозиҳои тобистонаи олимпии Токио-2020 метавонанд ширкат варзанд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд






