Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби Шоҳҷоиза гардид!
Душанбе, 07.09.2016./АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар шаҳри Душанбе расми ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври ниҳоии Мусобиқаи ҷумҳуриявии мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо барои беҳтарин шаҳр, ноҳия, шаҳрак, деҳот, деҳа, маҳалла, хона ва оилаи намунавӣ, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи феврали соли равон эълон шуда буд, доир гардид.
Тибқи қарори Комиссияи Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои татбиқи самарабахши сиёсати хориҷӣ, сохтмони бинои Вазорат ва сарраёсати консулӣ аз ҳисоби маблағҳои хироҷи консулӣ, ҷорӣ намудани низоми раводиди электронӣ ва технологияҳои нав барои тайёр намудани шиносномаҳои биометрӣ ва кортҳои идентификатсионӣ беҳтарин мақомоти марказии ҳокимияти давлатии мамлакат дониста шуд ва сазовори Шоҳҷоиза ва 50 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ гардид.
Прокуратураи генералии Тоҷикистон барои гирифтани ҷои якум бо Дипломи дараҷаи 1 ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия барои гирифтани ҷои дуюм бо Дипломи дараҷаи 2 сарфароз гардонида шуданд. Мукофотҳоро аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ғолибон Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода супорид.
Хотиррасон менамоем, ки дар маҷмўъ наздик ба 412 ҳазор оила аз 300 ҳазор хонавода, 4144 деҳа, 370 деҳот, 57 шаҳрак, 52 ноҳия, 16 шаҳр, 3 вилоят ва 60 мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ дар Мусобиқа иштирок намуда, аз ҷониби комиссияҳо тибқи варақаҳои арзёбӣ баҳогузорӣ гардидаанд.









Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд
Дар Ашқобод Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо тантана таҷлил намуданд
Шараф Шерализода дар Конгресси 13-уми ҷаҳонӣ оид ба сайёҳию кӯҳнавардӣ, барқарорсозӣ ва варзиши зимистона иштирок намуд






