18,7 миллион доллари Ҳукумати Ҷопон барои беҳдошти роҳҳои Тоҷикистон

Октябрь 20, 2016 10:33

Душанбе, 20.10.2016/АМИТ «Ховар»/. Ҳукумати Ҷопон бо мақсади бо техника ва таҷҳизоти нигоҳдории роҳҳо таъмин намудани минтақаи шимол ва ҷануби Тоҷикистон 18,7 миллион доллари амрикоӣ кумаки грантӣ мерасонад. Дар иртибот ба ин масъала вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон Созишномаи грантӣ оид ба лоиҳаи беҳтар намудани таҷҳизоти нигоҳдории роҳҳо дар вилояти Суғд ва қисмати шарқии вилояти Хатлонро, ки байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ /JICA/ моҳи апрели соли 2016 ба имзо расонида шудааст, дирӯз ба тасвиб расониданд.
ganchalzodaШералӣ Ганҷалзода, вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни тавзеҳи санади мазкур гуфт, ки ҳадафи татбиқи ин лоиҳа беҳтар намудани ҳолати нигоҳдории роҳҳои вилояти Суғд ва қисмати шарқии вилояти Хатлон- гурӯҳи навоҳии минтақаи Кӯлоб аст. Дар доираи татбиқи лоиҳаи мазкур ва бо кумаки грантии JICA Ҳукумати Тоҷикистон 217 адад техникаи махсуси коммуналӣ харидорӣ менамояд, ки аз он 120- ададаш ба вилояти Суғд ва 97- ададаш ба ноҳияҳои қисмати шарқии вилояти Хатлон тақсим карда мешаванд. Ҳамзамон ин кумаки грантӣ барои таҷҳизонидан ва навсозии заводи асфалт, озмоишгоҳ ва омӯзиши мутахассисони маҳаллӣ сарф мегардад.
Шералӣ Ганҷалзода, вазири нақлиёти кишвар афуд, ки то охири соли равон дар Токио байни ширкатҳои ҷопонӣ озмун барои интихоби таҳвилгари техникаи нигоҳдории роҳҳо дар доираи лоиҳаи мазкур гузаронида мешавад. Ҳамзамон вазири нақлиёти кишвар таъкид кард, ки чунин лоиҳа қаблан дар минтақаи Қӯрғонтеппа ва навоҳии минтақаи Ҳисор амалӣ карда шуд, ки натиҷаи самарабахш ба бор овард.

Октябрь 20, 2016 10:33

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад