21 нафар маъюб ва нафақахӯри имтиёздори ноҳияи Файзобод дар осоишгоҳҳои ҷумҳурӣ истироҳат карданд
Файзобод, 21.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод барои дастгирии маъюбон, ятимон ва ниёзмандон соли равон дар ҳамбастагӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод 21 нафар маъюб ва нафақахӯри имтиёздори ноҳияро ба осоишгоҳҳои ҷумҳуриявӣ равон карданд. Ба 3 нафар аробачаи маъюбӣ, ба 8 нафар асобағал ва ба 2 нафар асбоби ҳаракаткунанда кумак карданд. Ташкилоту муассисаҳои ноҳия вазифадор шудаанд, ки дар ҷашну маросимҳо ба 170 нафар маъюбону ятимони кулл кумак расонанд. Соли равон ба маъюбони Ҷанги дуюми ҷаҳон, ҷанговарони байналмилалӣ, шахсоне, ки дар ақибгоҳ фаъолият намудаанд, оилаҳои ду ва зиёда маъюбдошта, ятимони кулл, маъюбони садамаи Чернобил ва оилаҳои камбизоат аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ 58 ҳазору 500 сомонӣ ва аз тарафи ташкилоту муассисаҳо ва саховатмандони диёр 159 ҳазору 021 сомонӣ кумак расонида шудааст.