24 октябр-Рӯзи СММ: Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид

Октябрь 24, 2016 10:52

Душанбе, 24.10.2016. /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола 24 октябр ҳамчун Рӯзи байналмилалии Созмони Милали Муттаҳид таҷлил мегардад. Маълумотро дар бораи ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ин созмони ҷаҳонии бонуфуз  дар истинод ба маводи сомонаи Вазорати корҳои хориҷии кишвар пешкаши хонандагон мегардонем:  

H.E. Emomali RAHMON President

29 январи 1992 дар ҷаласаи Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид (СММ) қатънома оид ба тавсияи дохил шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба СММ ба сифати аъзо қабул шуд. 2 марти 1992 зимни иҷлосияи 46-уми Маҷмаи Умумии СММ қатъномаи 46/224 оид ба шомилшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба СММ ба иттифоқи оро қабул гардид. Пайвастани кишвар ба Ҷомеаи Миллатҳо асоси устуворро барои рушди ҳамкории он бо ташкилотҳо, муассисаҳо ва ниҳодҳои тахассусии СММ эҳё гардонид.

Дар тӯли давраи таърихан начандон дарозмуддати аъзогӣ дар СММ Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳалаҳои муайяни ҳамкориро бо Созмони Милали Муттаҳид паси сар кард. Тавре, ки маълум аст, дар оғоз дар натиҷаи вазъияти дохилӣ дар Тоҷикистон ҳамкорӣ баҳри сулҳ ва субот дар кишвар афзалиятнок буд. Намояндагии аввали СММ — Дафтари нозирони СММ дар Тоҷикистон (ДНСММТ) — 1 феврали 1993 дар Душанбе кушода шуд. Фаъолияти ДНСММТ пешравии раванди сулҳ дар Тоҷикистон, мусоидат ба амалиётҳои сулҳпарвар ва кумаки фаврии башардӯстонаро таъмин намуд. Бинобар иҷрои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон моҳи майи 2000 дар асоси ДНСММТ бо ташаббуси Дабири кулли СММ Кофи Аннан Дафтари СММ оид ба мусоидат ба сулҳпарварӣ дар Тоҷикистон (ДСММСТ) таъсис дода шуд. Вазифаи асосии Дафтар мусоидат ба густариш ва таҳкими асосҳои сиёсӣ, афзорҳои дохилии сулҳпарварӣ, қобилияти давлату ҷамъият дар пешгириву ҳалли низоъҳоро дар бар мегирифт.

Дар августи 2007 Дафтар оид ба мусоидат ба сулҳпарварӣ дар Тоҷикистон фаъолияти худро бомуваффақият анҷом дод. Даҳҳо иштирокчиёни ин дафтар бо мукофотҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз шуданд. Ба даст овардани оштии миллӣ дар Тоҷикистон бо мусоидати СММ ва кишварҳои кафил ҳамчун намунаи дипломатияи боздоранда барои кишварҳое, ки низоъҳои дохилӣ доранд, шуда метавонад. Илова бар он, соли аз 2008 то ин инҷониб ба қатори қувваҳои байналмилалии сулҳпарвари СММ шаҳрвандони Тоҷикистон дохил шуданд, ки саҳми худро ба ҳалли масъалаҳои сулҳ дар минтақаи даргири Дарфур мегузоранд. Бо мурури татбиқи бомуваффақияти ҳадафҳое, ки бо афзалиятҳои ҳамкории мо муайян мешаванд, Тоҷикистон талош дорад, то нақши фаъолро дар равандҳои ҷаҳонии сиёсӣ ва иқтисодӣ бозад, пайравии устуворро ба ҳадафу принсипҳои Низомномаи СММ ва ҳуқуқи байналмилалӣ зоҳир менамояд, ҳаммуаллифи ташаббусҳои гуногуни байналмилалӣ дар ҷодаи таҳкими сулҳу субот, масъалаҳои халъи силоҳ ва манъи паҳншавии яроқи ҳаставӣ мебошад.

Аҳднома оид ба минтақаи озод аз яроқи ҳаставӣ дар Осиёи Марказӣ, ки 8 сентябри 2006 дар чаҳорчӯби СММ ба имзо расид, комилан ба талошҳои Тоҷикистон дар пешгирии паҳншавии яроқи ҳаставӣ мутобиқат мекунад, ба таҳкими амнияти минтақавӣ, ҷоннок намудани ҳамкорӣ байни кишварҳо ва истифодаи сулҳҷӯёнаи энергияи ҳаставӣ мусоидат менамояд.

Тоҷикистон нақши пешбари СММ-ро дар мубориза алайҳи савдои ғайриқонунии яроқи сабуки оташфишон (ЯСО) дастгирӣ менамояд ва ба татбиқи Барномаи амал оид ба пешгирӣ ва қатъ кардани савдои ғайриқонунии ЯСО дар ҳамаи ҷанбаҳояш, таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар қатъ кардани фаъолияти ғайриқонунии тиҷоратӣ ва истеҳсоли ғайриқонунии ЯСО, ҳамчунин дар таъмини мудирияти муассири захираҳо таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир мекунад. Тоҷикистон ҳаматарафа кӯшишҳои ҷомеаи байналмилалиро дар таъмини манъи қатъии минаҳои зиддипиёдагард дастгирӣ менамояд, муқаррароти умумии Конвенсия оид ба манъи истифода, захира, истеҳсол ва интиқоли минаҳои зиддипиёдагард ва нобудсозии онҳо (Конвенсияи Оттава)-ро риоя мекунад, ҳар сол ба Дабири кулли СММ маълумотро оид ба вазъи хатари минаҳо пешниҳод менамояд. Нобудсозии тамоми захираҳои минаҳои зиддипиёдагард дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин карда шудааст.

Тоҷикистон ҷонибдори минтақаи аз мина озоди Осиёи Марказӣ (Осиёи Марказии озод аз хатари минаҳо) мебошад ва дар ҳамкорӣ ба андешидани чораҳои амалӣ оид ба тоза кардани қаламрави минадори минтақа ва ҳалли дигар масъалаҳои марбут ба оқибатҳои минагузорӣ даъват менамояд.

Тоҷикистон қатъиян зидди терроризми байналмилалӣ дар ҳамаи шаклҳояш буда, муттаҳидсозии талошҳои ҷомеаи байналмилалиро дар сатҳи глобалӣ, минтақавӣ ва миллӣ ҷонибдорӣ менамояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъномаи Шӯрои Амнияти СММ 1267, 1373, 1540, 1566, 1617 ва ғайра, Стратегияи зиддитеррористии глобалии СММ-ро дастгирӣ намудааст.

Давраи муҳим дар таърихи ҳамкории Тоҷикистон ва СММ қабули қатъномаи бо ташаббуси Тоҷикистон пешниҳодшуда оид ба эълон намудани 2003 соли байналмилалии оби тоза мебошад, ки дар натиҷаи баргузории он Дабири кулли СММ Шӯрои машваратӣ оид ба захираҳои об ва беҳдоштро таъсис додааст.

Дарки кулли масъалаҳои вобаста ба захираҳои об ва нақши СММ дар сафарбаркунии иродаи сиёсии тамоми кишварҳо ба ҳалли масъалаҳои мазкур Тоҷикистонро водор намуд, ки бо ташаббус оид ба эълон намудани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», ки 22 марти соли 2005 оғоз шуд, баромад кунад. Акнун ин рӯз ҳамчун Рӯзи байналмилалии об ҷашн мегардад. Дар идомаи ин талошҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ҳангоми баромад дар ҳамоиши СММ соли 2005, баргузор намудани Форуми байналмилалӣ оид ба оби тозаро ба мақсади якҷоя ба иҷрои амалии «рӯзномаи байналмилалии об»-и мувофиқашуда баҳо додан пешниҳод намуд. Ба мақсади гузоштани саҳми шоиста ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» Тоҷикистон якҷоя бо Ҷопон, Нидерландҳо ва Олмон бо ибтикори барпо намудани чорабинии махсус «Об ва беҳдошт барои ҳама» баромад намуд, қатъномаи «Ҳуқуқи инсон ва дастрасӣ ба оби ошомидании тоза ва хизматрасониҳои беҳдоштӣ» (2008)-ро, ки аз ҷониби Шӯро оид ба ҳуқуқи инсон тасдиқ шуд, ҷонибдорӣ намуд. Қатъномаи мазкур ба татбиқи барномаи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола мусоидат кард, ки ин боиси дар соли 2015 ба ду баробар кам кардани шумораи одамоне, ки ба оби тозаи ошомиданӣ ва воситаҳои асосии беҳдоштиву техникӣ дастрасии доимӣ надоранд, шуд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ оид ба коҳиши офатҳои вобаста ба обро соли 2008 дар Душанбе бомуваффақият баргузор намуд. Зимни иҷлоси 63-юми Маҷмаи Умумии СММ Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо муроҷиат ба ҳамаи кишварҳои аъзои СММ, созмонҳои байналмилалӣ доир ба таъсис додани гурӯҳи тахассусӣ ё комиссияи СММ оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти вобаста ба ҳалли мушкилоти ҳавзаи баҳри Арал баромад карда, лоиҳаи қатъномаи МУ СММ «Оид ба додани мақоми нозир ба Бунёди байналмилалии наҷоти Арал дар Маҷмаи Умумии СММ»-ро пешниҳод намуд, ки дар иҷлоси 63-юми МУ СММ қабул шуд. Ғайр аз ин, бо ибтикори Тоҷикистон, кишвари ташаббускори Соли байналмилалии оби тоза ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт — 2005-2015», дар соли 2010 қатъномаи нави МУ СММ — «Соли байналмилалии ҳамкориҳои об -2013» бо иттифоқи оро қабул гардид. Дар ин росто, аз ҷониби Тоҷикистон баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об (20-21 августи 2013, ш. Душанбе), Муколамаи интерактивии сатҳи баланди иҷлосияи 69-уми Маҷмаи Умумии СММ (22 марти 2015, ш. Ню-Йорк) ва Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, 2005-2015 (9-11 июни 2015, ш. Душанбе) нақши арзанда бозиданд.

Боиси қайд аст, ки бо мақсади ширкат дар Муколамаи интерактивии сатҳи баланди иҷлоси 69-уми Маҷмаи Умумии СММ бахшида ба арзёбии фарогири дастовардҳо дар раванди татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, 2005-2015, ки 30 марти соли 2015 баргузор гардид, ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Вазири корҳои хориҷии кишвар ба ш. Ню-Йорк сафари корӣ анҷом дода, зимни он оид ба диди Тоҷикистон дар тарҳрезии мақсаду вазифаҳои нав дар чаҳорчӯби ҳадафҳои рушди устувор ва барномаи рушди баъди соли 2015 маърӯза намуд.

Чорабинии охирин дар раванди амалисозии Қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ A/RES/69/215 таҳти унвони “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, 2005-2015, ва талошҳои минбаъда ҷиҳати дастрасӣ ба рушди устувори захираҳои об, Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, 2005-2015 9-11 июни 2015 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, ки дар он Дабири кулли СММ Пан Ги Мун, сарвазирони кишварҳои Покистон, Афғонистон, Қирғизистон, Габон ва намояндаҳои зиёда аз 100 кишвар ва 80 созмонҳои байналмилалӣ ширкат намуданд. Қобили қайд аст, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рафти суханронии хеш дар Конфронси мазкур икдоми нави Тоҷикистонро — Даҳсолаи нав “Об барои Рушди Устувор” эълон намуд.

Аз 21 сентябр то 3 октябри соли 2015 ҳайати баландпояи Тоҷикистон таҳти сарварии Президенти кишвар дар Саммити ҳадафҳои рушди устувор ва мубоҳисаҳои умумии иҷлоси 70-уми Маҷмаи Умумии СММ ширкат кард. Дар чаҳорчӯби сафари мазкур 27 сентябр бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳошияи Саммити рушди устувори СММ Чорабинии сатҳи баланд дар мавзӯи «Ҳавасмандгардонии раванди татбиқи амалӣ ва дастёбӣ ба Ҳадафҳои рушди устувор дар соҳаи об», баргузор гардид, ки мизбонии онро ҷониби Тоҷикистон таҳти сарварии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар уҳда дошт.

Дар доираи чорабиниҳои болозикр, мулоқотҳои Роҳбари давлат бо Дабири кулли СММ Пан Ги Мун, Сарвазири Шоҳигарии Нидерланд Марк Рутте, муовини Дабири кулл ва Маъмури Барномаи Рушди СММ Ҳелен Кларк, Раиси иҷроияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва Сарвазири Шоҳигарии Таиланд генерал Праут Чан Оча баргузор гардиданд.

Вазири корҳои хориҷӣ дар чаҳорчӯби ширкат мубоҳисаҳои умумии иҷлоси 70-уми Маҷмаи Умумии СММ дар Иҷлоси 39-уми вазирони корҳои хориҷии Гуруҳи 77 ва Чин, чорабинии сатҳи баланд зери унвони “Бозсозии Афғонистон ва ҳамкории минтақавӣ”, мулоқоти солонаи вазирони корҳои хориҷии Созмони аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) ва иҷлоси солонаи Вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ) иштирок ва суханронӣ кард.

Давраи муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва СММ мулоқоти Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли вақти СММ Пан Ги Мун буд, ки 27 сентябри соли 2015 дар шаҳри Ню-Йорки ИМА дар ҳошияи Саммити ҷашнии 70-солагии Созмони Миллали Муттаҳид ҳамчунин сурат гирифт. Дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунпаҳлӯи Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ шуд.

Татбиқи ҷанбаҳои иқтисодӣ ва гуманитарии ҳамкории СММ бо Ҳукумати Тоҷикистон пеш аз ҳама тавассути Намояндагии Барномаи рушди СММ (БРСММ) дар Тоҷикистон сурат мегирад. Намояндагии БРСММ моҳи декабри соли 1993 таъсис дода шуд ва ҳамон сол Созишномаи кишварӣ байни Ҳукумати Тоҷикистон ва БРСММ, ки барои фаъолияти созмон асоси ҳуқуқӣ бунёд намуд, ба имзо расид. Дар ибтидо, бо дарназардошти вазъияти мушкилу бесуботи сиёсиву иҷтимоӣ дар кишвар, фаъолияти БРСММ асосан ба расонидани кумаки башардӯстона ҳамчун вокуниш ба эҳтиёҷоти фаврии кишвар равона шуда буд. Ҳамчунин он дар ҷодаи таҳкими сулҳу эътимод, мусоидат ба рушди корхонаҳои хурд ва идоракунии онҳо фаъолият дошт. Баъд аз ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ташаккули кишвар дар роҳи шукуфоии босубот, БРСММ тавонист ба ҳақиқатҳои давраи баъдинизоӣ таваҷҷӯҳ кунад ва лоиҳаву барномаҳои асосиро аз нав баррасӣ намояд. Дар ибтидо Созишномаи сиғавӣ барои давраи солҳои 1999-2000 тасдиқ шуда буд, пас аз он то охири соли 2004 тамдид шуд, баъдан марҳилаи гузаштаи ҳамкорӣ байни Тоҷикистону БРСММ бо Барномаи нави кишварии БРСММ барои солҳои 2005-2009 муайян шуд, ки ҷузви асосии Консепсия оид ба расонидани кумак дар рушди Тоҷикистон буд.

Дар марҳилаи ҷории ҳамкории Барномаи сиғавии СММ оид ба расонидани кумак баҳри рушд (UNDAF) барои солҳои 2010-2015 ва Нақшаи амали Барномаи кишварии БРСММ (CPAP) барои солҳои 2010-2015 амал карданд, ки 16 декабри соли 2009 имзо шуданд.

Ҳамзамон, БРСММ дар таҳкими иқтидору захираҳо ва васеъ намудани имкониятҳои кишвар бобати ноил шудан ба ҳадафҳои рушд дар доираи ўҳдадориҳои байналмилалӣ, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудаанд, ба монанди Эъломия оид ба Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола, инчунин Стратегияи миллии рушди ҶТ ва барномаҳои миёнамуҳлати паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ нақши арзанда дорад.

Воқеан, дар ҳама зинаҳо масъулияти баланди БРСММ ва дигар сохторҳои СММ-ро эҳсос карда мешавад, ки барои ноил шудан ба афзалиятҳои стратегии асосии кишвар равона карда шудааст, ки ин афзалиятҳо дар ду санади муҳими аз ҷониби СММ ва БРСММ дар соли ҷорӣ қабулшуда инъикос ёфтаанд – ин ҳам бошад Барномаи чаҳорчўбаи СММ оид ба рушд барои солҳои 2016-2020 (UNDAF) ва Барномаи мамлакатии (кишварии) БРССМ барои солҳои 2016-2020. Барномаи ЮНДАФ барои солҳои 2016-2020 пешниҳод гардидааст, ки дар он чор самти стратегӣ гурўҳбандӣ шудааст. Ҳадафи асосии барнома – ин ба даст овардани сатҳи баланди рушди иҷтимоиву иқтисодии мардуми кишвар мебошад. Дар асоси стратегияи мазкур пешниҳодоти зайл пешбинӣ шудааст: таѓйирот дар сохтори иҷтимоии кишвар ба манфиати табақаи миёна, ва паст кардани тафовути иқтисодии аҳолӣ, ба роҳ мондани рушди инноватсионӣ дар асоси рушди муосири илмию техникӣ, дуруст ба роҳ мондани таъминоти захираҳои энергетикии кишвар дар дохил ва беруни кишвар, таъсиси шабакаи васеи нақлиёт, аз ҷумла рушди «коридор»-и нақлиётӣ байни минтақаҳо, рушди фазоии Тоҷикистон дар асоси ташаккули марказҳои минтақавӣ ва паст кардани нобаробарии минтақавӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди инсонӣ ва ғ.

Барномаи UNDAF бо маблағи беш аз 400 млн. доллари ИМА тарҳрезӣ гардидааст, ки барои рушди соҳаи иҷтимоию иқтисодии кишвар, ба монанди беҳтар намудани идоракунӣ ва таъмини волоияти қонун, кўмак ба гурўҳҳои осебпазири аҳолӣ, дастрасии баробар ба ҳуқуқ ва хизматрасониҳо, баланд бардоштани сатҳи некўаҳволии аҳолӣ тавассути дастгирии рушди соҳибкорӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани қобилияти давлат доир ба идоракунии бўҳрон нигаронида шудааст.

Зикр намудан ба маврид аст, ки, ҳадаф ва афзалиятҳои барномаи мазкур ба ҳадафу афзалиятҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ буда, ҳамчун афзалият таҳияи ҳуҷҷатҳои стратегии кишвар, аз қабилӣ Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 – 2020 ба инобат гирифта мешавад.

Яке аз самтҳои муҳими ҳамкории дуҷониба ин пешгириии маводи мухаддир мебошад. Оғоз аз аз соли 1993 фаъолияти Намояндагии минтақавии Департаменти СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ дар Осиёи Марказӣ — UNODC (Дафтар дар шаҳри Тошканд) шурӯъ шуд. UNODCдар масъалаи мубориза ба муқобили гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории байналмилалӣ дар ҷаҳон пешсаф буда, дар тамоми минтақаҳои ҷаҳон тавассути шабакаҳои васеи дафтарҳои саҳроӣ фаъолият дорад. Ба UNODC ҷиҳати мусоидат ба кишварҳои аъзо дар мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷинояткорӣ ва терроризм ваколат дода шудааст.

Ҳадафи асосии UNODC дар Осиёи Марказӣ таҳкими зарфияти мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, кӯмаки техникӣ, татбиқ ва маблағгузории барномаҳои миллӣ дар самти мубориза бо қочоқи маводи нашъаовар, таҳлили амалиётҳои муштараки кишварҳои Осиёи Марказӣ, назорати сарҳадӣ дар чаҳорчӯби барномаҳои минтақавӣ мебошад. Барномаҳои асосии UNODC дар минтақа Маркази минтақавии ҳамоҳангсозии иттилоотии Осиёи Марказӣ оид ба мубориза бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо (CARICC) ва Барномаи минтақавии мубориза бар зидди маводи мухаддир барои Афғонистон ва кишварҳои ҳамсояи он мебошад.

Тоҷикистон, ки дар “Масири Шимол”-и гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир қарор дорад, ба таъсири манфии онҳо дучор гардидааст. Барои муқовимат бо қочоқи ғайриқонунии маводи мухаддир фаъолияти мураттаб ва муассири мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ниҳоят муҳим арзёбӣ мегардад. Бинобар ин, 15 сол қабл бо дастгирии UNODC Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт, ки дар масъалаи мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар “Масири Шимол” нақши муҳим мебозад.

27 майи 2015 Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба масъалаи таҳдиди маводи нашъадор бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Душанбе баргузор гардид. Дар фарҷоми Конфронси мазкур Изҳороти муштарак қабул гардид, ки дар он як қатор пешниҳодҳо, аз ҷумла ташаббуси навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи эълон кардани солҳои 2016-2020 “Панҷсолаи чораҳои ҷаҳонӣ оид ба пешгирии нашъамандӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим” дарҷ гардидааст.

Дар самти ҳамкориҳо бо Раёсати СММ оид ба ҳамоҳангии масъалаҳои гуманитарӣ (UNОСНА) 28-30 июли 2015 дар шаҳри Душанбе бо ибтикори дафтари минтақавии ниҳоди мазкури СММ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз ва дар ҳамкорӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи машваратии минтақавӣ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ ҷиҳати омодагӣ ба Саммити ҷаҳонии башардӯстона (Истанбул 2016) баргузор гардид, ки дар он 120 намоянда аз 16 кишвари Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ (Афғонистон, Бангладеш, Бутан, Эрон, Ҳиндустон, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдив, Непал, Покистон, Шри-Ланка, Русия, Туркия, Туркманистон ва Ӯзбекистон) ширкат карданд. Ширкаткунандагони ҷаласа назару пешниҳодоти худро роҷеъ ба рӯзномаи Саммити ҷаҳонии башардӯстона, ки моҳи майи соли 2016 дар шаҳри Истамбул баргузор мегардад, ироа намуданд. Хулосаи машваратҳои доиргардида аз ҷониби дафтари минтақавии UNОСНА барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз ба котиботи Саммити башардӯстона ирсол гардид.

Дар чаҳорчӯби машвартҳои мазкур 28 июли соли 2015 мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Ёвари Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои башардӯстона хонум Кюнг-ва Канг баргузор гардид, зимни он масъалаҳои мубрами ҳамкории Тоҷикистон ва Дафтари СММ оид ба ҳамоҳангсозии масъалаҳои башардӯстонаро таҳти баррасӣ қарор гирифтанд.

Бо розигии Президенти кишвар ҷониби Тоҷикистон раёсати Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти кишварҳои Осиёи Марказӣ (СПЕКА)-ро барои соли 2015 ба души худ гирифт. 10-12 ноябри соли равон дар ш. Душанбе Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо (UNECE) ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои Осиё ва Уқёнуси Ором (UNESCAP) ҷаласаи 10-уми Шӯрои роҳбарикунандаи Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти кишварҳои Осиёи Марказӣ (СПЕКА) ва Форуми иқтисодии СПЕКА “Мусоидат ба раванди татбиқ ва пайгирии Рӯзномаи рушди устувор дар минтақаи СПЕКА то соли 2030” баргузор намуд.

Дар ҷаласаи СПЕКА зиёда аз 100 нафар намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, коршиносони вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ, аз ҷумла Вазорати рушди  иқтисод ва савдо,   Вазорати нақлиёт,    Вазорати энергетика ва захираҳои об,   Вазорати молия,    Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ,    Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Кумитаи ҳифзи муҳити зист, Кумитаи кор бо занон ва оила, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин корпуси дипломатӣ ва институтҳои молиявии муқими Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доштанд. Ҷаласа аз 6 панел: Рушди иқтисод ва савдо; беҳтар кардани шабакаи нақлиётӣ: мусоидат ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки дастрасӣ ба баҳр ва бозорҳои ҷаҳонӣ надоранд; паст кардани хавфи офатҳои табиӣ; захираҳои обию энергетикӣ; ҷалби созмонҳои минтақавӣ, ҷомеаи гражданӣ ва иттиҳоди академикӣ барои иштирок дар фаъолияти СПЕКА; рушди маблағгузорӣ: имкониятҳое, ки аз ҷониби Барномаи фаъолияти Аддис Абеба пешниҳод шуданд, иборат буда, зимни он намояндагони вазорату идораҳои дахлдори кишвар маъруза карданд ва дар мубоҳисаҳо фаъолона ширкат варзиданд. Дар фароварди он Эъломияи ҷаласа қабул гардид.

Дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо муовини дабири кулл/котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид барои Аврупо Кристиан Фрис, ки 10 майи соли 2015 доир гардид, ҷанбаҳои гуногуни ҳамкории иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистону Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ шуд. Тавре зикр гардид, расидан ба бисёр ҳадафҳои рушди устувор, ки аз Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола ва барномаҳои дигари глобалӣ бармеоянд, ба татбиқи босамари лоиҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ бастагӣ дорад. Кристиан Фрис Бах ба пешсафии Тоҷикистон дар ҳалли масоили ҷаҳонии вобаста ба об ва пуштибонии кишвари мо аз ташаббусҳои созанда барои таъмини дастрасии ҳамагонӣ ба нерӯи барқ аз тариқи рушди энергетикаи сабз ва пешгирӣ аз гармшавии иқлими сайёра тавассути ба роҳ мондани иқтисоди сабз баҳои баланд дода, изҳори бовар намуд, ки амалӣ намудани тадбирҳои якҷоя ба ҳалли бисёр мушкилоти минтақаи Осиёи Марказӣ ва ҳам кулли ҷаҳон мусоидати фаъол мекунад. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид барои саъю талошҳояш барои татбиқи силсилаи лоиҳаҳо, аз ҷумла “Арзёбии эҳтиёҷоти Тоҷикистон дар соҳаи савдо”, “Арзёбии рушди инноватсионии Тоҷикистон”, лоиҳаи марбут ба таҳкими иқтидори соҳаи истеҳсоли нерӯи барқ аз манбаъҳои тозаи экологӣ ва рушди бахши обу энергетика арзи сипос намуд. Зимни суҳбати пурмуҳтаво ҳарду ҷониб ҳавасмандии худро ба густариши бештари робитаҳо дар оянда таъкид доштанд.

28 сентябри соли 2015 дар қароргоҳи СММ, дар шаҳри Ню-Йорк Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо Муовини Дабири Кулл маъмури Барномаи Рушди СММ Ҳелен Кларк мулоқоти судманд анҷом дод. Дар мулоқот масоили вобаста ба ҳамкории пурсамари Тоҷикистон бо ин ниҳоди Созмони Милали Муттаҳид ва татбиқи барномаю лоиҳаҳои сершумори ҳамкорӣ бо Тоҷикистон баррасӣ шуданд.

Фаъолияти Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон моҳи августи 1994 бо ба имзо расидани Созишномаи ҳамкорӣ миёни Ҳукумати ҶТ ва ЮНИСЕФ оғоз гардид. Барномаи кишварии ҳамкорӣ миёни Ҳукумати ҶТ ва ЮНИСЕФ барои солҳои 1995-1999 ба кам кардани муриши кӯдакон ва модарон, беҳбудии шароити таълими кӯдакон, баланд бардоштани сатҳи хабардории ҷавонон оид ба мушкилоти ВИЧ/СПИД ва ҳавасмандгардонии тарзи ҳаёти солим равона шуда буд. Дар чаҳорчӯби барнома дар соли 1997 Кумитаи миллии ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии паҳншавии ВИЧ/СПИД таъсис дода шуд, ки ба он намояндагони вазорату идораҳо, созмонҳои маҳаллии ғайриҳукуматӣ ва БРСММ таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Тоҷикистон дохил шуданд.

Моҳи апрели 2000 барномаи дуюми кишварӣ ва Нақшаи асосии амал барои солҳои 2000-2004 ба имзо расиданд, ки лоиҳаҳои мададрасонӣ ба Ҳукумати ҶТ ва ҳамёрони он дар ҳифз ва татбиқи ҳуқуқҳо, таъмини инкишофи кӯдак, бартарафсозии табъийз нисбат ба занон ва кӯдакон ва ғайраро дар бар мегирифтанд. Соли 2001 бо дастгирии ЮНИСЕФ ва тавсияи Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқи кӯдак Комиссияи миллӣ оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шуд. Дар ҳошияи шарокат бо Эътилофи глобалӣ оид ба масъалаҳои моякӯбӣ ва эмгузаронӣ ЮНИСЕФ барои татбиқи барномаи миллии эмгузаронӣ ваксинаҳоро таъмин мекард. Дар натиҷа ин шумули моякӯбӣ аз сурхча ва моякӯбии ҳаматарафа ба 84 фоиз расид.

Бо кумаки Вазорати тандурустии Ҷопон, марказҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба нобудсозӣ ва пешгирии касалиҳо ва Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) соли 2002 Тоҷикистон ба қатори давлатҳои озод аз вируси бемории фалаҷи атфол (полиомиелит) дохил шуд. Бо дастгирии марказҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба нобудсозӣ ва пешгирии касалиҳо ва Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (ЮСАИД) ҳамчунин нақшаи тадбирҳо доир ба таъмини мониторинги муриши тифл ва кӯдак матраҳ гардид. Соли 2002 Қонуни ҶТ оид ба йодноккунии намак қабул гардид. ЮНИСЕФ оид ба таъмини ҳамаи кӯдакон то синнии панҷсолагӣ бо витамини А дар ҳошияи иқдоми рафъи камбуди витаминҳо дар соли 2003 талош варзид, ба азнавсозии кори муассисаҳои бачагонаи тарбиявӣ мусоидат намуд.

Татбиқи барномаи сеюми кишварӣ барои солҳои 2005-2009 ба роҳ монда шуд. Мӯҳтавои барнома бо муқаррароти Нақшаи миёнамуддати стратегии ЮНИСЕФ муайян карда шудааст, ки бо Ҳукумати Тоҷикистон ва ҳамёрон аз СММ зимни конфронси миллӣ оид ба масъалаҳои кӯдакон моҳи декабри 2003 мувофиқа ва моҳи марти 2004 тасдиқ шудааст.

Дар охири соли 2008 лоиҳаи барномаи кишварӣ барои солҳои 2010-2015 ба мақсади ҳамкории Ҳукумати Тоҷикистон ва ЮНИСЕФ омода шуд. Шӯрои иҷроия дархост оид ба тасдиқи буҷаи тахминии ҷамъбастӣ ба маблағи 12 миллион доллар аз сарчашмаҳои доимӣ, вобаста аз мавҷудияти маблағ, ва 16 миллион доллар аз дигар сарчашмаҳо. Моҳи декабри 2009 Барномаи нави кишварӣ барои солҳои 2010-2015 ва Нақшаи амал оид ба татбиқи Барномаи кишварӣ барои солҳои 2010-2015 ба имзо расид.

Барномаи умумиҷаҳонии озуқавории (БУО) СММ фаъолияти худро дар Тоҷикистон соли 1993 тавассути расонидани кумаки фавқулода барои рафъи оқибатҳои ҷанги шаҳрвандӣ оғоз намуд. Дар давраи аз 1993 то 1999 БУО кумаки озуқавории гуногунро дар ҳаҷми қариб 120 ҳазор тонна ба маблағи 60 миллион доллар тақсим кард. Аз моҳи июли 1999 то июли 2001 БУО СММ амалиёти якуми худро оид ба расонидани кумаки доимӣ ба аҳолии камбизоат гузаронид. Зиёда аз 52 ҳазор тонна озуқаворӣ тавассути барномаҳои «Озуқаворӣ бар ивази меҳнат», «Ғизодиҳии мактабӣ» ва ғайра тақсим карда шуд. Соли 2003 Созишномаи асосӣ байни БУО ва Ҳукумати ҶТ омода ва имзо шуд, ки пойгоҳи ҳуқуқиро барои фаъолияти БУО СММ дар Тоҷикистон танзим менамояд.

Соли 1992 Тоҷикистон аъзои Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (СУТ) шуд ва ба Шӯъбаи минтақавии аврупоӣ бо 53 кишварҳои аъзои дигар шомил гардид. Намояндагии СУТ дар Тоҷикистон соли 1992 кушода шуд. Роҳбари ин дафтар доктор Игор Поканевич мебошад, ки ӯро дар фаъолият 15 корманд, аз ҷумла коршиносон оид ба сиёсати тандурустӣ, тандурустии ҷамъиятӣ, сироятҳои идорашаванда ва эмгузаронӣ, эпидемиология, ВИЧ/СПИД, омодагӣ ба офатҳо ва вокуниш ба онҳо, ҳамчунин табларза, ҳамроҳӣ мекунанд. Дар айни ҳол тадбирҳо оид ба васеъкунии дафтари мазкур, ба мақсади ба ҳайъати кадрии он мутахассисонро оид ба сармоягузории тандурустӣ ва ҳифзи саломатии рӯҳӣ дохил кардан, қабул шуда истодаанд. Самтҳои афзалиятноки фаъолияти дафтар дар Созишномаҳои дусола оид ба ҳамкорӣ байни Шӯъбаи минтақавии аврупоии СУТ ва Вазорати тандурустии Тоҷикистон муайян шудаанд. Дар чаҳорчӯби чунин Созишномаҳо кумаки техникиву молиявӣ аз рӯи самтҳои афзалиятнок ва дар ҳолатҳои фавқулода, дар робита ба барангезиши касалиҳо ё офатҳои табиӣ, расонида мешавад.

Дар давраи аз 1993 то 2009 Созишномаҳои дусола оид ба ҳамкории Вазорати тандурустӣ бо Шӯъбаи минтақавии аврупоии СУТ самтҳои зеринро дар бар мегирифтанд: ислоҳоти бахши тандурустӣ, мустаҳкамкунии саломатии модар ва кӯдак, мубориза бо касалиҳои сироятӣ, дастгирии сиёсат ва стратегияи тандурустӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти башардӯстонаи созмонҳои байналхалқӣ, таҳкими низомҳои иттилооти, мубориза бар зидди табларза.

Дастовардҳои асосӣ қабули «Консепсияи ислоҳоти соҳаи тандурустии ҶТ то соли 2010» ва «Стратегияи рушди соҳаи тандурустии ҶТ то соли 2010», иштирок дар таҳияи Стратегияи миллии рушд, Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ, стратегияи фарогири рушди саломатӣ барои солҳои 2010-2020 шуданд.

Дар натиҷаи ҳамкории СУТ ва Вазорати тандурустии ҶТ нобуд сохтани фалаҷи атфол, бартарафсозии барангезишҳои эпидемии хуноқ, табларза ва сурхча, кам кардани касалиҳои домана, коҳиши сатҳи муриш аз чунин касалиҳо имконпазир шуд. Ҳаҷми кумаки СУТ дар ҳошияи Созишномаҳои дусола оид ба ҳамкорӣ дар соли 1993 65 ҳазор доллар ташкил дод, ва баъдан афзуда ба зиёда аз 6 миллиону 600 ҳазор доллар дар солҳои 2008-2009 расид.

Дар айни ҳол самтҳои асосии фаъолияти СУТ дар Тоҷикистон чунинанд: кумак ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ дар рушди минбаъдаи сиёсати тандурустӣ ва низомҳои тандурустӣ; рушди иқтидори кадрии низомҳои тандурустӣ; инкишофи хадамоти беморхонаҳо; дастгирии хизматрасониҳо ба модарон ва кӯдакон; мубориза бар зидди касалиҳои сироятӣ. Дар чаҳорчӯби Созишномаҳои дусола оид ба ҳамкорӣ барномаҳои «Ҳамоҳангсозӣ», «Сиёсати тандурустӣ», «Зукоми парранда», «Табларза» ва дигарон татбиқ шуда истодаанд. Боиси хушнудист, ки зимни ҷаласаи 65-уми Кумитаи минтақавии WHO (14-17 сентябри соли 2015, ш. Вилнюси Литва) кишвари мо дар қатори 4 кишвар аз миёни 53 кишвари аъзо ба Кумитаи доимии Кумитаи минтақавии Аврупоӣ (ПКРК) барои давраи 2015-2018 интихоб шуд. Рӯйдоди мазкур бе шубҳа боиси афзоиши ҳайсияти кишвари мо дар арсаи байналмилалӣ хоҳад гашт.

Ҳоли ҳозир Тоҷикистон фаъолона ҳамкориро бо созмонҳо, ниҳодҳо ва муассисаҳои тахассусии СММ тақвият мебахшад. Айни ҳол даҳ ниҳоди СММ др кишвар намояндагӣ доранд – Созмони байналмилалии муҳоҷират (СБМ), Созмони байналмилалии меҳнат (СБМ), Хазинаи байналмилалии асъор (ХБА), Бонки байналмилалии бозсозӣ ва рушд ва дигарон. Ҳадафҳои рушди Тоҷикистон дар марҳилаи кунунӣ роҳу усулҳои навро дар ташаккули ҳамкорӣ бо СММ тақозо менамоянд.

Бо дарназардошти авлавиятҳои ҷории Тоҷикистон ва сатҳи рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар, мусоидат намудан ба иҷрои мукаммал ва муассири қарорҳои ҳамоишу конфронсҳои байналмилалии СММ, аз ҷумла Саммити Ҳазорсола, Саммити соли 2005, Саммити Йоханнесбург оид ба рушди устувор, Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба баррасии фарогири миёнамуддати рафти татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», 2005-2015 ва талош варзидан дар ҳамоҳангсозии кори ниҳодҳои асосии СММ, аз ҷумла Маҷмаи Умумӣ, Шӯрои иқтисодиву иҷтимоӣ ва Шӯрои Амният хеле зарур аст.

Манбаъ: www.mfa.tj

 

Октябрь 24, 2016 10:52

Хабарҳои дигари ин бахш

«Ширкати сармоягузории Озарбойҷон» бо «ТАЛКО» ҳамкорӣ менамояд
Дар Риёз масъалаи ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти маориф ва илм баррасӣ гардид
Шаҳрҳои Душанбе ва Боку дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ ҳамкориро густариш медиҳанд
Дар Бангкок иҷлосияи 80-уми Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ барои давлатҳои Осиё ва Уқёнуси Ором баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар Форуми маблағгузории соҳаи рушд дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид иштирок намуд
Дар Москва машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Русия баргузор шуданд
Дар шаҳри Минск иқтидори сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ масъалаи ҳамкории ду давлатро дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ва Италия Созишнома оид ба бекор намудани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатиро ба имзо расониданд
Ҳайати Тоҷикистон дар намоишгоҳи IRAN EXPO-2024 иштирок менамояд
Директори Маркази байналмилалии амнияти об барои иштирок дар Конфронси сеюми оби Душанбе даъват гардид
Дар Бушаҳри Эрон зарфияти иқтисодии Тоҷикистон муаррифӣ гардид