31 нафар корманди иҷтимоии шаҳри Ваҳдат ба маъюбону бепарасторон хизмат мерасонанд
Душанбе, 19.10.2016. /АМИТ «Ховар»/. Кормандони шуъбаи хизматрасонии иҷтимоӣ дар хонаи шаҳри Ваҳдат ба шахсони ниёзманд, бепарастор ва маъюбон бо хоҳишу дархост ва талаботи онҳо хизмат мерасонанд. Ҳоло дар шуъбаи мазкур 288 нафар шахсони ниёзманд ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора 69 нафараш маъюби то 18- солаанд. Ба шахсони ниёзманд аз рӯи низомномаи корӣ 31 нафар корманди иҷтимоӣ вобаста карда шуда, ба онҳо дар як ҳафта ду маротиба хизмат мерасонанд.
Тибқи лоиҳаи «Устувории барномаи тавонбахшӣ» ба 177 нафар шахсони дорои имконияти маҳдуд дар 4 ҷамоати деҳот ва маркази шаҳр хизмат расонида мешавад. Мутахассисон ба шахсони имконияташон маҳдуд хӯрокхӯрӣ, либоспӯшӣ, нишастан ва роҳ рафтанро меомӯзонанд. Инчунин ба онҳо барои таъмини нафақа ва ба мактабҳои таҳсилоти умумӣ ворид намудани кӯдакони маъюб кумак мерасонанд.