50 ширкати чинӣ маҳсулоти худро ба намоиш мегузоранд

Октябрь 27, 2016 16:44

Душанбе, 27.10.2016/АМИТ «Ховар»/. 50 ширкати чинӣ дар намоишгоҳи молҳои содиротии ноҳияи мухтори Шинҷону Уйғури Чин, ки 30 октябр дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад»-и Душанбе оғоз меёбад, маҳсулоти худро ба намоиш ва фурӯш мегузоранд.
Ҳадафи баргузории намоишгоҳ муаррифии молҳои ширкатҳои чинӣ ва таҳкими ҳамкории тиҷоратӣ байни Тоҷикистону Чин арзёбӣ мегардад.
Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва департаменти тиҷоратии Ҳукумати ноҳияи мухтори Шинҷону Уйғури Чин аз созмондиҳандагони намоишгоҳ мебошанд.
Мукаммал Раҷабӣ, сухангӯи Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» итттилоъ дод, ки намоишгоҳ муддати се рӯз идома ёфта, дар доираи он дар Душанбе ҳамоиши тиҷоратии доираҳои соҳибкории Тоҷикистону Чин баргузор мегардад. Ҳамзамон дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон вохӯрии бонувони соҳибкори Тоҷикистону ноҳияи мухтори Шинҷону Уйғури Чин дар назар аст.

Октябрь 27, 2016 16:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад