А. Қаҳҳоров бо Н.Патрушев масоили мубориза ба муқобили терроризми байналхалқӣ ва муҳоҷирати ғайриқонуниро баррасӣ карданд
Душанбе, 04.10.2016. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттиллоъ додем, имрӯз дар Душанбе ҷаласаи машваратии коршиносони Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои амнияти Федератсияи Русия баргузор гардид. Зимни ҷаласаи машваратӣ масоили вобаста ба вазъи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, таъсир ва пайомадҳои он ба кишварҳои минтақа, аз ҷумла ба Федератсияи Русия, мубориза ба муқобили терроризми байналхалқӣ, муҳоҷирати ғайриқонунӣ, танзим ва дастгирӣ кардани муҳоҷирони меҳнатӣ, ки дар ҳудуди Федератсияи Русия фаъолият доранд, мавриди таҳлил ва муҳокима қарор дода шуданд.
Дар доираи ҷаласаи машваратӣ мулоқоти хосаи котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Қаҳҳоров ва котиби Шӯрои амнияти Федератсияи Русия Николай Патрушев баргузор гардид. Пас аз мулоқоти мазкур аз ҷониби котибони Шӯрои амнияти ҳар ду кишвар А. Қаҳҳоров ва Н. Патрушев Нақшаи ҳамкорӣ миёни Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои амнияти Федератсияи Русия барои солҳои 2017-2018 ба имзо расид.
Н. Патрушев аз А. Қаҳҳоров даъват кард, ки дар мулоқоти 4-уми котибони Шӯрои амнияти кишварҳои ИДМ, ки моҳи ноябри соли равон дар шаҳри Маскав баргузор мегардад, иштирок кунад. Иттилоъ дода шуд, ки ҷонибҳо ҳамчунин масъалаҳои вобаста ба ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникиро низ мавриди баррасӣ қарор дода, оид ба омодагиҳо ба мулоқоти якҷояи вазирони корҳои хориҷӣ, мудофиа ва котибони Шӯрои амнияти кишварҳои СААД (Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ), ки пас аз чанд рӯз дар пойтахти Арманистон баргузор мешавад, изҳори назар карданд.
Хотиррасон мекунем, ки дар ҷаласаи машваратии коршиносони Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои амнияти Федератсияи Русия ҳамчунин намояндагон аз вазорати корҳои дохилӣ, вазорати корҳои хориҷӣ, вазорати мудофиа ва дастгоҳи Президенти Федератсияи Русия иштирок доранд.













Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад
Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати баҳории ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ иҷро намуд
«МАРЗУ БУМИ ВАТАНРО СОДИҚОНА ҲИФЗ МЕНАМОЕМ!». Ҷавонони Файзобод бо дуои неки волидон ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон рафтанд
«ХИЗМАТ БА ВАТАН ҚАРЗИ ФАРЗАНДИИ МОСТ!». Ҷавонони шаҳри Ҳисор ба таври ихтиёрӣ ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуданд
БАРОИ ВАТАН ҶОН ФИДО МЕКУНЕМ! Дар Бӯстон Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо дуои неки модарон ба сафи Артиши миллӣ пайвастанд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Артиши миллӣ беш аз 54 фоиз иҷро гардид






