Абдураҳмон Қодирӣ ба Ричард Ҷонс доир ба шаҳраки замонавии Сайҳун иттилоъ дод
Душанбе, 07.10.2016. /АМИТ «Ховар»/. Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ имрӯз, 7 октябр намояндаи Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ричард Ҷонсро ба ҳузур пазируфт. Зимни мулоқот ҷонибҳо аз ҳамкории мутақобилан судманд изҳори қаноатмандӣ намуданд. Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ба намояндаи Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар ҶумҳурииТоҷикистон барои саҳмгузорӣ дар амалӣ гардидани нақшаву иқдомоти наҷиби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахшҳои мухталиф изҳори миннатдорӣ кард. Аз тарафи роҳбарияти вилоят масъалаи сохтани корхонаи коркарди партов дар минтақа ба миён гузошта шуд. Тавре зикр гардид, шаҳри Хуҷанд дорои аҳолии зиёд буда, дар сурати бунёди чунин корхона партовҳои ин шаҳр ва навоҳии атрофи он коркард карда мешаванд.
Дар мулоқот масъалаи таъмини аҳолии маҳаллаҳои нави шаҳри Хуҷанд бо оби хушсифати нӯшокӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт. Абдураҳмон Қодирӣ дар идомаи суҳбат ба намояндаи Бонки аврупоии таҷдид ва рушд доир ба шаҳраки наву замонавии Сайҳун иттилоъ дода, таъкид намуд, ки ин идораи молиявии ҷаҳонӣ метавонад барои кашидани хатти оби нӯшокӣ ва хатти ташноб миёни маҳаллаҳои шаҳрак мусоидат намояд. Гуфта шуд, ки аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд аллакай дар шаҳраки Сайҳун оби полезиву нӯшокӣ бароварда шуда, роҳҳо бунёд ва хатти барқ низ кашида шудааст.
Намояндаи Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ричард Ҷонс аз амалӣ гардидани якчанд лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар вилояти Суғд изҳори қаноатмандӣ намуда, дар оянда барои рушди ҳамкорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои бузурги сармоягузорӣ дар ин минтақа омодагии худро баён дошт.








«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






