Ҷаласаи Шўрои рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши вилояти Хатлон бунёди иншоот ва майдончаҳои варзиширо зарур хонд
Қӯрғонтеппа, 19.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Қӯрғонтеппа ҷаласаи Шўрои рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон таҳти роҳбарии раиси Шўро, муовини раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирзода баргузор гардид. Дар ҷаласа гузориши котиби Шўрои рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, мудири бахши варзиши раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят Музаффар Ҳукматуллоев шунида шуд.
Инчунин раисони Шўрои рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Темурмалик, Дўстӣ, Мўъминобод ва Бохтар оид ба корҳои анҷомдода маълумот доданд.
Дар ҷаласа оид ба зарурати бунёди иншоот ва майдончаҳои варзишӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, ҷудо кардани замин барои иншооти варзишӣ сухан рафта, таъкид гардид, ки дар ин самт бояд корҳоро ба таври фаъол роҳандозӣ кард.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






