Ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо дар Брюссел
Душанбе, 05.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Брюссел 4 октябр ҷаласаи навбатии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид. Дар кори он вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ ва Намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо оид ба корҳои хориҷӣ ва сиёсати амниятӣ Федерика Могеринӣ ширкат варзиданд. Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷидин Аслов роҳбарӣ намуд.
Тавре аз ВКХ Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни ҷаласа иштирокчиён як қатор масъалаҳо, аз ҷумла Стратегияи Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ, рушди муносибатҳои ҳамаҷониба байни Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ, масъалаҳои обу энергетика, рушди иқтисод, маориф, муҳити зисту ҳамкории минтақавию байналмилалӣ ва мубориза бар зидди таҳдиду хатарҳои умумиро мавриди муҳокима қарор доданд. Вазирон дар маҷмӯъ аҳамияти муносибати Иттиҳоди Аврупоро ба минтақа эътироф намуданд.
Пас аз ҷаласа вохӯрии дуҷонибаи Вазири корҳои хориҷӣ С.Аслов бо Котиби генералии Хадамоти амалиёти хориҷии Иттиҳоди Аврупо Ҳелга Шмидт барпо гардид. Дар мулоқот масъалаҳои рушди ҳамкорӣ ва вазъи сиёсию амниятӣ дар минтақаву ҷаҳон муҳокима гардиданд. С. Аслов Х. Шмидро бо ташаббусҳои нави Тоҷикистон, бахусус «Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои то соли 2030» ошно намуда, даъват ба амал овард, ки барои татбиқи он Иттиҳоди Аврупо мусоидат намояд. Инчунин ҷониби Иттиҳоди Аврупоро барои вусъат додани ҳамкорӣ оид ба мубориза бар зидди чолишҳои байналмилалию минтақавӣ, ба мисли терроризму ифротгароӣ, радикализм ва қочоқи маводи мухаддир таъкид намуд.








Сафири Тоҷикистон бо раиси шаҳри Брюссел мулоқот намуд
Ҳамкории гуногунҷанбаи мутақобили судманди Тоҷикистону Ҷумҳурии Корея баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо Таалатбек Масадиқов мулоқот намуд
Дар Сеул мулоқоти масъулони Саммити «Осиёи Марказӣ– Ҷумҳурии Корея» баргузор гардид
Намояндаи Тоҷикистон бо мудирони ҳамиҷроияи Комиссияи байналмилалии зидди ҳукми қатл мулоқот намуд
Тоҷикистон аъзои Комиссияи СММ оид ба вазъи занон барои солҳои 2027–2031 интихоб шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишкадаи энергетикии Москва бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Сафири Тоҷикистон бо Директори Академияи дипломатии Вена мулоқот намуд
Густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия баррасӣ гардид
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна






