«Ҳамин заминӣ будану хоксориаш аст, ки ба ҳар гӯшаву манотиқи кишвар, ки меравад, мардум бо сидқ, чеҳраи кушода хуш истиқболаш мекунанд» — шарҳи матбуот
Душанбе, 06.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Шумораи навбатии «Ҷумҳурият» (03.10.2016, №196) сафари кории Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмонро ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб инъикос карда, аз ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 6 дар ноҳияи Муъминобод, шиносоӣ бо боғи интенсивии хоҷагии деҳқонии «Хоҷаи нур», ифтитоҳи қасри фарҳанг, варзишгоҳи марказӣ ва мулоқоти Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Муъминобод гузоришҳои муфассал чоп кардааст. Дар шумораи рӯзи сешанбеи «Ҷумҳурият» (04.10.2016,№197) ҷараёни сафари кории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Кӯлоб инъикос шудааст. Ҳамчунин дар ин шумораи нашрия суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мулоқот бо фаъолон ва сокинони ноҳияи Восеъ дарҷ гардидааст.
«Таърих гувоҳ аст, ки агар забони миллӣ аз байн равад, миллат ҳам дер ё зуд тафаккури миллии худро аз даст дода, оқибат завол меёбад. Аз ин рӯ, вазифаи ҳар як фарди бонангу номус ҳифзу эҳтиром ва гиромӣ доштани забони давлатӣ аст» — бо ҳамин суханони Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шумораи навбатии «Ҷумҳурият» (05.10.2016,№198) аз чоп баромадааст. «Президент» — сарлавҳаи сармақолаи шумораи мазкур мебошад, ки муаллифи он Абдулқодири Раҳим навиштааст: «Ҳамин заминиву хоксориаш аст, ки ба ҳар гӯшаву манотиқи кишвар, ки меравад, мардум бо сидқ, чеҳраи кушода хуш истиқболаш мекунад ва барояш дасти дуо бармедораду таманно менамояд, то Худо ҳамчунон тандуруст нигоҳаш бидораду барои умре ӯ, танҳо ӯ, Сарвару Раҳбару Раҳнамову Пешвояш бошад».
Нашрияи парлумонии «Садои мардум» (04.10.2016, № 125) аз баргузор гардидани ҷаласаи якуми Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ва савганди садоқат ёд кардани вакилони Маҷлиси намояндагони кишвар хабару гузориши муфассал пешкаши хонандагон намудааст. Дар шумораи имрӯзаи нашрияи «Садои мардум» (06.10.2016, № 126) ҷараёни сафари кории Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияҳои Муъминободу Восеъ ва шаҳри Кӯлоб, вохӯрию суҳбатҳои Пешвои миллат бо сокинону фаъолони минтақаи Кӯлоб, ифтитоҳи як зумра иншооти маишӣ-хизматрасонӣ ва муассисаҳои тандурустиву соҳаи маориф дарҷ гардидаанд.
«Адабиёт ва санъат» – минбари эҷодкорони Тоҷикистон навиштаҳои «Сурма сангин накунад шӯхии чашми ӯро», «Адиб тимсоли одоб аст», «Шеър ва дониш», «Гавҳаршиноси вожаҳо», «Гузашти замон ва тақдири инсон», «Ҳикмате беҳтар аз афсона нест», ҳамчунин шеърҳо ва ҳикояу латифаҳоро пешкаши мухлисони худ кардааст.
Нашрияи марказии ҲХДТ «Минбари халқ» дар баробари чоп кардани хабару гузоришҳои пурра аз сафари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷамоати Сағирдашти ноҳияи Дарвоз ва шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби бостон, ҳамчунин мақолаи таҳлилии сармуҳаррири нашрия Бахтиёр Ҳамдамро бо сарлавҳаи «Кӣ оташ мезанаду кӣ ҳезум мекашад…» пешкаши хонандагон кардааст. Муаллифи мақола ҳодисаҳои солҳои охир дар кишварҳои минтақа рӯйдода, аз ҷумла ҷангҳои хунини дар Сурия ва Ироқ идомадоштаро мавриди таҳлилу хулосабарорӣ қарор додааст.
Ҳамчунин дар ин ҳафта ҳафтаномаҳои «Миллат», «Фараж», «Нигоҳ», «СССР», «Тоҷикистон», «Оила», «Чархи гардун» низ аз чоп баромада, пешкаши хонандагону мухлисони худ гардиданд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






