Ҷамъоварии пахта бо техникаи муосир дар Хатлон
Қӯрғонтеппа, 13.10.2016 . /АМИТ «Ховар»/. Ҳанӯз моҳи феврали соли 2016 бо иқдоми роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар ноҳияи Дӯстӣ оид ба истифодаи технологияи муосир ҳамчун омили баланд бардоштани ҳосили зироати кишоварзӣ машварат баргузор гардида буд. Дар чорабинӣ намояндагони ширкати ҶСП «Ҷунтай Хатлон Сан Силу», масъулини Вазорати кишоварзии ҶТ, раисони шаҳру ноҳияҳо ширкат доштанд. Ҳадафи ҷамъомад истифодаи технологияи муосир буд.
Инак машварати мазкур натиҷаи дилхоҳ ба бор овард. Аввалин шуда, дар ҷамоати «20солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-и ноҳияи Дӯстӣ деҳқонон ҷамъоварии беш аз 600 га заминро ба воситаи мошинҳои ҳосилғундор дар мавзеи Ғароутӣ ба роҳ монданд.
Раиси вилоят Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ба масъулини соҳаи кишоварзӣ ва раисони ноҳияҳои пахтакори минтақаҳои Қӯрғонтеппа таъкид кард, ки истифодаи оқилонаи замин, обёрии қатрагӣ, истифодаи нуриҳои минералӣ, коркарди хушсифати қаторҳои пахта, риояи зичии ниҳолҳо ҳангоми кишти пунбадона имкон фароҳам овардааст, ки аз ҳар як гектар ҳосили баланд- 35-45 сентнерӣ ба даст оварда шавад.
Ҷамъоварӣ бо технологияи навин имкон медиҳад, ки ҳосили пахта сари вақту хушсифат ҷамъоварӣ гашта, ба корхонаҳои коркарди пахта ворид гардад.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст






