Арҷгузорӣ ба забони давлатӣ- арҷгузорӣ ба давлату ба миллат аст!

Октябрь 5, 2016 11:03

Эмомали Рахмон «Истиқлолият барои эҳёи забони тоҷикӣ ва фарҳанги миллӣ заминаи устувор гузошт. Забони ширину шево ва шоиронаву зебои тоҷикӣ, ки моро ба ҷаҳониён ҳамчун миллати куҳанбунёд ва қавми ориёӣ муаррифӣ кардааст, ба ҳайси забони давлатӣ эътироф шуд».

Эмомалӣ Раҳмон

Душанбе, 05.10.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар давоми солҳои 1965-1985 масъалаи мақоми забони тоҷикӣ дар ҷомеа ягон маротиба дар сатҳи роҳбарикунандаи ҳизбию давлатӣ ва муассисаҳои илмии ҷумҳурӣ мавриди муҳокимаи ҷиддӣ қарор нагирифта буд. Баръакс, онҳо сиёсати русикунонии ҷомеаи ҷумҳуриро амалӣ мегардониданд. Дар натиҷаи ин гуна сиёсати якҷониба, мавқеи забони тоҷикӣ маҳдуд гардида, вазифаҳои ҷамъиятиву тарбиявӣ ва маърифативу фарҳангии он дар ҷомеаи тоҷикон коста мегардид. Истифодаи забони тоҷикӣ асосан дар гуфтугузори кӯчагиву дохили оилавӣ ба назар мерасид. Ин муаммои ҷамъиятӣ боиси эҳё гардидани ҳисси миллии мардуми тоҷик гардид. Дар ҳамаи гӯшаву канори мамлакат мардум дар маҷлисҳо, ба воситаи матбуот, оинаи нилгун ва радио андешаҳои худро оид ба мақоми забони тоҷикӣ баён менамуданд. Гарчанде баъзеҳо талаб мекарданд, ки дар баробари забони тоҷикӣ ба забони русӣ ҳам мақоми давлатӣ дода шавад, вале аксарият пешниҳод карданд, ки дар Тоҷикистон танҳо ба забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ дода шавад. Зери чунин «фишори» оммавӣ роҳбарони коммунистии ҷумҳурӣ маҷбур шуданд, ки оид ба ин масъала тадбир андешанд.
22 июли соли 1989 дар Иҷлосияи Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Қонуни забони тоҷикӣ» қабул гардида, тибқи қонун забони тоҷикӣ дар ҷумҳурӣ мақоми давлатиро гирифт.
Аз соли 1989 то соли 2009 дар ҷумҳурӣ 22 июл ҳамчун «Рўзи забон» ҷашн гирифта мешуд.
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади минбаъд такмил додани қонунгузории ҷорӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» — ро қабул кард. 5 октябри соли 2009 баъд аз имзои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ин қонун ба ҳукми амал даромад.
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйирот даровард ва рӯзи 5 октябр — Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон шуд.
Кумитаи ЗАБОНГавҳар Шарофзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суҳбат ба мухбири АМИТ «Ховар» баён дошт, ки имрӯз бештари мардуми рӯйи олам кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки аз латофату назокати забони тоҷикӣ бархурдор бошанд.
«Имрӯз вазъи забони давлатӣ дар мамлакат нисбат ба солҳои пеш хеле хуб шудааст. Ҷавонон дар кӯчаву донишгоҳ ва хона бо забони давлатӣ метавонанд озоду равон сухан кунанд. Мардум имрӯз ба ин забон арҷ мегузоранд. Намояндагони ақаллиятҳои миллие, ки дар ҷумҳурии мо ҳастанд, бо ин забон сухан мегӯянду онро эҳтиром менамоянд. Вазъи забони тоҷикӣ дар ҷумҳурӣ аллакай дар як қолаби муайян ҷо шуда, шаҳрвандон нисбат ба он эҳтиром мегузоранд»,-илова намуд раиси Кумита.
Вале Гавҳар Шарофзода бо таассуф баён намуд, ки вазъи забони давлатӣ дар китобҳои таълимӣ ва бадеию илмӣ ҳоло ба қадри бояду шояд ҳалли худро наёфтааст. «Тарҷумонҳои мо ҳангоми тарҷума кӯшиш мекунанд калимаҳои бегонаро бештар истифода намоянд ва мутаассифона, ин ба коста гаштани пойгоҳи бузурги забон меоварад. Кумитаи забон ва истилоҳот бо мақсади назорати навиштаҷоти лавҳа, овезаю шиорҳо ва номгузории нуқтаҳои савдою марказҳои хизматрасонӣ гурӯҳи корӣ таъсис дод. Дар шаҳри Душанбе вазъи навиштаҷоти лавҳаю овеза ва номгузории марказҳои хизматрасонӣ хеле хуб шудааст. Дар натиҷаи санҷишҳо якчанд маркази хизматрасонӣ ҷаримабандӣ шуда, барои нодуруст номгузорӣ шудани марказҳо ва нуқтаҳои фурӯш огоҳӣ дода, нисбат ба қисми зиёдашон парванда боз шудааст»,-зикр намуд раиси Камитаи забон ва истилоҳот.
Вазифаи муқаддаси ҳар як фарди бонангу номуси миллат аз он иборат аст, ки асолати забони тоҷикиро чун неъмати бебаҳо ҳифз намояд ва барои инкишофи он саҳм гузорад. Забони модарии мо барои мо – тоҷикон чун шири модар муқаддас аст.
«Сухан кардани Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ҶТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари баланди СММ бо забони тоҷикӣ аллакай гувоҳи он аст, ки ҷаҳон ин забонро эътироф кардааст. Имрӯз ҷавонон дар баробари донистани забони модарии худ ба омӯхтани дигар забонҳо машғуланд. Сиёсати донистани чандин забон барои рушди солимии шахсият, ҷомеа ва дастрасии ҳар фард ба иттилооти ҷаҳонӣ дар замони муосир аз падидаҳои хеле мусбат арзёбӣ мегардад»,-афзуд Г. Шарофзода.
Забон дар қатори дигар муқаддасот яке аз нишонаҳои ҳастии миллат аст. Аз ин хотир Президенти кишвар ҳанӯз соли 2010 гуфта буданд, ки умри миллат ба умри забон вобаста аст. Агар забон умри дароз дошта бошад, миллат ҳам ҷовидон аст. Бо ин мақсад «Консепсияи миллии рушди забони давлатӣ барои солҳои 2016-2027» тарҳрезӣ шуда истодааст.
Дар бисёр ҳолатҳо кормандони васоити ахбори омма меъёрҳои забони давлатиро риоя намекунанд. «Гурӯҳи кории Кумитаи забон ва истилоҳот сари ин масъала кор карда истодааст. Гурӯҳи корӣ вазифадор шудааст, ки забони барномаҳои телевизиону радиоро омӯзад ва ҳар семоҳа ҳисобот пешниҳод намояд. Дар асоси он мо бо муҳаррирони барномаҳо ҳамсуҳбат мешавем. Ҳар шаҳрванд бояд худшинос бошад. Инсон то он даме, ки худашро ҳамчун инсони комил намешиносад, ҳеҷ вақт ба ягон чизи муқаддас арҷ гузошта наметавонад. Аз ин хотир худшинос будан ва ифтихори миллию ватандориро дар қалбҳо парваридан метавонад муқаддасоти моро аз нестшавӣ эмин нигоҳ дорад»,-гуфт дар хотима Гавҳар Шарофзода.

Октябрь 5, 2016 11:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба сокинони аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Сангвор 17 манзили истиқоматӣ супорида шуд
COP29 бо қадамҳои муҳим дар самти мубориза бо тағйирёбии иқлим ва лоиҳаи нави маблағгузорӣ ба анҷом расид
Мактаб–интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятим ва Хона-интернати пиронсолон ва маъюбони ноҳияи Ёвон бо гармӣ таъмин мебошанд
«БЕҲТАРИН ҲАМСАР». Дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Чӣ тавр ёварони овозӣ дар ҳолатҳои гуногуни зиндагӣ кумак мекунанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Бо сокинони Ҷамоати деҳоти Пули Сангини шаҳри Норак доир ба шарҳи қонунҳои миллӣ вохӯрӣ баргузор шуд
«ВАРЗИШГАРОН – ПАРЧАМБАРДОРОНИ МИЛЛАТ». Таҳти ин унвон ҳамоиши варзишӣ ва барномаи фарҳангӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Шаҳринав тозакунии каналу заҳбур ва заҳкашҳо оғоз шуд
Бунгоҳи тиббӣ ва бинои маъмурии Маркази миллии таълимӣ барои омодасозии наҷотдиҳандагони Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ ба истифода дода шуд
ТОҶИКОН АЗ ОҒОЗИ ТАЪРИХ МИЛЛАТИ ПАРЧАМДОР БУДАНД. Андешаҳои корманди Маркази тадқиқоти стратегӣ
«Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе!». Дар ноҳияи Шоҳмансур ғолибони даври ноҳиявии озмун ҳавасманд гардонида шуданд