Баррасии масъалаи муҳоҷирати меҳнатӣ дар ноҳияи Рӯшон
Душанбе, 28.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Рӯшон, Намояндагии Созмони байналмилалии муҳоҷират дар Тоҷикистон (IOM) ва ташкилоти ҷамъиятии Мадина дар маркази ноҳияи Рӯшон дар мавзӯи «Муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҳуқуқу уҳдадориҳои шаҳрвандон» мулоқот баргузор намуданд.
Мавҷуда Азизова, ҳамоҳангсози Намояндагии Созмони байналмилалии муҳоҷират иброз дошт, ки «ҳар як шахс бояд сазовори ҷойи зист ва шароити муносиб бошад. Ҳамаи коргарон дар меҳнат ҳуқуқи баробар доранд ва ҷиҳати роҳ надодан ба меҳнати маҷбурӣ дар хориҷа онҳо бояд пешакӣ бо корфармоён шартнома дошта бошанд».
Аз ҷониби бахши ҷавонони ноҳия дар маркази Рӯшон, ҷамоатҳои деҳоти Муъминшо Адулвосеъ ва Баррӯшон барои огоҳии бештари аҳолӣ маводи иттилоотиву таблиғотӣ оид ба муҳоҷират тақсим карда шуд.
Дар ин бора аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.